Даъвати филми коргардони тоҷик ба се кинофестивали байнулмилалӣ

Аз рӯи натиҷаҳои Ҷашнвораи XII байнулмилалии кинои мусалмонӣ дар шаҳри Қазони Русия филми кӯтоҳмуддати коргардони ҷавони тоҷик Муҳиддини Музаффар «Коса» ба иштирок дар се ҷашнвораҳои дигари байнулмилалӣ – дар шаҳрҳои Лондону Рим ва Дакка (Бангладеш) даъватнома гирифт. Дар ҷашнвораи кинои Қазон, ки таҳти унвони «Тавассути муколамаи фарҳанг – ба фарҳанги муколама» доир гардид, дар қатори […]

Баҳром Файзуллоев

Аз рӯи натиҷаҳои Ҷашнвораи XII байнулмилалии кинои мусалмонӣ дар шаҳри Қазони Русия филми кӯтоҳмуддати коргардони ҷавони тоҷик Муҳиддини Музаффар «Коса» ба иштирок дар се ҷашнвораҳои дигари байнулмилалӣ – дар шаҳрҳои Лондону Рим ва Дакка (Бангладеш) даъватнома гирифт.

Дар ҷашнвораи кинои Қазон, ки таҳти унвони «Тавассути муколамаи фарҳанг – ба фарҳанги муколама» доир гардид, дар қатори 60 филм аз 33 кишвари дунё филми тоҷикии «Коса» низ ба маърази тамошо гузошта шуд.

Дилошӯб Орифзода, продюсери киностудияи «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов дар ин робита иттилоъ дод, ки аллакай моҳи октябри соли ҷорӣ филми «Коса» дар Ҷашнвораи якуми байнулмилалии Open Central Asia International Arts Festival дар Лондон ва сипас дар ҷашнвораҳои байнулмилалӣ дар шаҳрҳои Рим ва Дакка намоиш дода мешавад.

Филми "Коса" 25 дақиқаро дарбар гирифта, дар мавзӯи муҳим- оилаву оиладорӣ ва муқаддасоти он бахшида шуда, сенарияи филм дар асоси ривоятҳои халқӣ таҳия шудааст. Сенариянависи филм Бахтиёр Каримов буда, нақшҳои асосиро дар он Ҳунарманди халқии ҷумҳурӣ Ислом Саломов ва актриса Сайёда Турсунова иҷро мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио