Таъини аввалин сафирони Тоҷикистон дар Лубнон ва Молдова

Date:

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 сентябр дар бораи таъини аввалин сафирони Тоҷикистон дар Лубнон ва Молдова фармонҳо ба имзо расонид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдуло Зубайдов

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдуло Зубайдов ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лубнон ва сафири Тоҷикистон дар Украина Файзулло Холбобоев ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова таъин карда шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сафири Тоҷикистон дар Украина Файзулло Холбобоев

Бо фармонҳои дигари президент Искандарзода Тоҳир Саъдоншо аз вазифаи раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон, Раҳимиён Амрулло Абдуҷабор аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд бо хоҳиши худашон озод карда шуданд.

Ҳамчунин Холзода Ҷомаҳмад Азиз аз вазифаи раиси суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, Қурбонзода Тоштемир аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон, Собирзода Турахон Муҳаммад аз вазифаи судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Розиқзода Рухсат Мирзоалим аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд бо сабаби ба нафақа баромаданашон озод карда шуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...