Лоиҳаи буҷети соли 2017 ба баррасии ҳукумат пешниҳод шуд

Лоиҳаи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2017 бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шуда, ба баррасии ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шуд. Баъдтар лоиҳаи буҷет пас аз омӯзиш дар комиссияи доимо амалкунадаи ҳукумат оид ба буҷет, барои тасдиқ ба палатаи поёнии парлумон ирсол мегардад. Дар Вазорати молияи ҶТ қайд мекунанд, ки буҷети соли оянда дар ҳаҷми беш аз […]

Пайрав Чоршанбиев

Лоиҳаи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2017 бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шуда, ба баррасии ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шуд.

Баъдтар лоиҳаи буҷет пас аз омӯзиш дар комиссияи доимо амалкунадаи ҳукумат оид ба буҷет, барои тасдиқ ба палатаи поёнии парлумон ирсол мегардад.

Дар Вазорати молияи ҶТ қайд мекунанд, ки буҷети соли оянда дар ҳаҷми беш аз 19 млрд. 860 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба ҳаҷми буҷети соли ҷорӣ 8,5% зиёдтар аст. Ҳаҷми буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли равон зиёда аз 18 млрд. 306 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Қисмати даромади буҷет дар соли оянда дар ҳаҷми 19,4 млрд. сомонӣ дар назар дошта шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли равон 6,5% бештар мебошад. Касри буҷет барои соли 2017 дар сатҳи 0,5% аз ҳаҷми умумии ММД-и кишвар пешбинӣ шудааст.

Чун солҳои пешин имсол ҳам буҷети давлатӣ хусусияти иҷтимоӣ дошта, беш аз 40%-и воситаҳо ба таъмини бахшҳои иҷтимоӣ равона мегарданд.

Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ки дар буҷети соли оянда пешбинӣ мешаванд, баъди аз ҷониби ҳукумати маъқул шуморидани он маълум мешаванд.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи буҷети Тоҷикистон барои соли 2016-ро ҳукумат ахири моҳи октябри соли гузашта маъқул шуморида, 18 ноябр парлумон онро тасдиқ кард.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 11 млрд. 021 млн. сомониро ташкил додааст, ки аз нақшаи тасҳеҳшуда 97,2%-ро ташкил медиҳад. Дар ин давра ба буҷет тақрибан 317 млн. сомонӣ камтар маблағ ворид шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.