Чор нафар аъзои эҳтимолии гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дар пойтахт боздошт шуданд. Онҳо ба дуздӣ ва ҳамлаи ғоратгарона бо истифода аз силоҳ гумонбар дониста мешаванд.
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар мавриди ин ҳодиса иттилоъ медиҳад, ки ахири ҳафтаи сипаришуда чор нафар сокинони 22 ва 24-солаи пойтахт ба гумони ғоратгарии мусаллаҳона боздошт шудаанд.
Гуфта мешавад, муайян карда шудааст, ки гумонбаршудагон шаби 30-юми августи соли равон, тахминан соати 01:30-дақиқа, бо маслиҳати пешакӣ гурӯҳи ҷинояткори муташаккилро ташкил дода, бо мақсади содир намудани ҷинояти роҳзанӣ ба хонаи истиқоматии зани 47-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, бо таҳдиди корд ва як адад тапончаи тамғаи “ПМ” ҷабрдидаро лату кӯб намудаанд.
«Бо содир намудани чунин кирдор, гурӯҳи ҷиноятпеша 38 ҳазор рубли Федератсияи Россия, се адад телефонҳои мобилии тамғаҳои “Nokia” ва “Sumsung” арзишашон 1 ҳазору 500-сомонӣ ва ҷавоҳироти тиллоӣ, ки арзиши умумиашон 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ошкоро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуданд», – омадааст дар маълумот.
Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.


