Оғози кори вакилони мардумӣ баъди таътили семоҳа

Ҷаласаи нахусти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон даъвати панҷум, ки то 30 июни соли оянда идома меёбад, санаи 3 октябр баргузор мешавад. Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ин хусус қарор қабул шуда, дар рӯзи аввали корӣ вакилони мардумӣ масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятиро баррасӣ мекунанд. Бино […]

Asia-Plus

Ҷаласаи нахусти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон даъвати панҷум, ки то 30 июни соли оянда идома меёбад, санаи 3 октябр баргузор мешавад.

Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ин хусус қарор қабул шуда, дар рӯзи аввали корӣ вакилони мардумӣ масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятиро баррасӣ мекунанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумон, дар ҷаласаи аввал ҳамчунин Созишномаи грантӣ байни Тоҷикистон, Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» ва як қатор дигар созишномаву карордодҳо низ муҳокима мешаванд.

Баҳри амалисозии лоиҳа БАТР 26 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад, ки 8,6 млн. доллари он ба сифати грант аст. Ғайр аз ин, дар доираи амалисозии лоиҳа БАТР ба сифати кумаки техникӣ боз 840 ҳазор доллари ИМА низ ихтисос медиҳад.

Анҷоми лоиҳа ахири соли 2017 дар назар буда, дар доираи он харидории 100 адад автобусҳои муосир, азнавсозии ҳамаи истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд ва роҳандозии низоми фурӯши билетҳо ба мусофирон пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳайати парлумони Тоҷикиситон таҳти роҳбарии раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бо даъвати раиси парлумони Озарбойҷон Октай Асадов бо сафари серӯзаи корӣ ба шаҳри Боку раҳсипор мегардад.

Дар давоми се рӯзи сафар Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамроҳони ӯ дар кори форуми панҷуми байналмилалии Боку иштирок ва суханронӣ менамоянд. Ҳамчунин дар назар аст, ки Шукурҷон Зуҳуров бо ҳайати воломақоми ин кишвари ба мо дӯсту бародар аз ҷумла бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Раиси парлумони ин кишвар Октай Асадов ва Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Артур Расизаде мулоқот намояд. Айни замон, заминаи шартномавӣ — ҳуқуқии Тоҷикистону Озарбойҷон беш аз 30 ҳуҷҷатро дар бар мегирад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.