Оғози раъйпурсии тағйири Конститутсия дар Озарбойҷон

Дар Озарбойҷон раъйпурсии умумӣ дар бораи тағйиру иловаҳо ба конститутсия оғоз ёфт, ки аз ҷумла тамдиди давраи раёсати ҷумҳурӣ аз 5 то 7 солро дар назар дорад. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, қитъаҳои раъйдиҳӣ соати 8 субҳ боз шуданд ва соати 7 шом ба вақти маҳаллӣ баста мешавад. Дар маҷмӯъ 29 тағйиру иловаҳо ба Қонуни […]

Радиои Озодӣ

Дар Озарбойҷон раъйпурсии умумӣ дар бораи тағйиру иловаҳо ба конститутсия оғоз ёфт, ки аз ҷумла тамдиди давраи раёсати ҷумҳурӣ аз 5 то 7 солро дар назар дорад.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, қитъаҳои раъйдиҳӣ соати 8 субҳ боз шуданд ва соати 7 шом ба вақти маҳаллӣ баста мешавад. Дар маҷмӯъ 29 тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ пешниҳод шудааст ва раъйдиҳандагон метавонанд, ба тарафдорӣ ва ё мухолифи пешниҳодоти алоҳида раъй диҳанд.

Бар иловаи тамдиди мӯҳлати раёсати ҷумҳурӣ, дар тарҳи нави Қонуни асосии Озарбойҷон таъсиси ду мақоми муовини раиси ҷумҳур пешниҳод шудааст, ки ҳардуро президент таъйин ва ё аз мақом барканор мекунад. Дар сурати қабули ислоҳот, раиси ҷумҳури Озарбойҷон ҳақ пайдо мекунад, порлумонро пароканда карда ва интихоботи зудрас эълон кунад.

Синни номзад ба раиси ҷумҳур, ки ҳоло 35 сола таъйин шудааст, аз байн бурда мешавад ва ҷавонони 18 сола низ метавонанд, худро ба мақоми номзад ба вакили маҷлис пешбарӣ кунанд. Бар асоси Конститутсияи феълӣ синни номзад ба мақоми вакил набояд поинтар аз 25 сол бошад.

Ислоҳоту тағйирот ба Қонуни асосии Озарбойҷонро як талоши дигари ҳукумати барои таҳкими қудрат дар дасти раиси ҷумҳур Илҳом Алиев аст. Ҳомиёни ҳуқуқи башар Илҳом Алиевро барои саркӯб кардани дигарандешону матбуот пайваста танқид мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.