Эмомалӣ Раҳмон бори сеюм дар рӯйхати 500 нафар мусалмонони маъруфи дунё

Маркази исломии тадқиқоти стратегии шоҳигарии Уммон рӯйхати 500 нафар мусалмонони бонуфузи саросари ҷаҳон (The Muslim 500 – 2017)-ро пешкаши умум гардонид, ки бори сеюм дар он номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр шудааст. Ин рӯйхат шурӯъ аз соли 2009 ҳамасола бо дастгирии Маркази ҳусни тафоҳуми мусулмониву христиании ба номи шоҳзода Ал-Валид бинии Талял дар Ҷорҷтаун […]

Asia-Plus

Маркази исломии тадқиқоти стратегии шоҳигарии Уммон рӯйхати 500 нафар мусалмонони бонуфузи саросари ҷаҳон (The Muslim 500 – 2017)-ро пешкаши умум гардонид, ки бори сеюм дар он номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр шудааст.

Ин рӯйхат шурӯъ аз соли 2009 ҳамасола бо дастгирии Маркази ҳусни тафоҳуми мусулмониву христиании ба номи шоҳзода Ал-Валид бинии Талял дар Ҷорҷтаун ба нашр мерасад.

Зимни муаррифии Эмомалӣ Раҳмон муаалифони мавод қайд мекунанд, ки ӯ аз соли 1993 дар вазифаи президенти Тоҷикистон ифоа вазифа дошта, соли 2013 маротибаи чорум ба ин мансаб интихоб шудааст. Ҳамчунин зикр мегардад, ки президенти Тоҷикистон маросими ҳаҷро адо намуда, соли 2007 аз пасванди славянии «ов» дар ному насабаш даст кашид.

Доир ба С.Абдулқодирзода гуфта мешавад, ӯ роҳбари мусалмонҳои Тоҷикистон аст, ки асосан пайравони мазҳаби ҳанафияи равияи суннӣ мебошанд. Мувофиқи маълумоти таҳқиқот, дар Тоҷикистон ҳамчунин рушди равияи нақшбандӣ – пайравони ҷараёни тасаввуф (сӯфигӣ) низ ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳамчун мусалмоне, ки дар Бозиҳоии олимпии соли 2016 дар Бразилия ба гирифтани медали тилло шарафёб шудааст, гурзандози тоҷик Дилшод Назаров низ ба ин рӯйхат шомил гардидааст.

Мақоми аввал дар рӯйхати мусалмонони обрӯмандтарини ҷаҳонро  рӯҳонии суннимазҳаб аз Миср Шайх Аҳмад Муҳаммад ал-Тайиб касб намуда, зинаи дуюмро шоҳи Урдун Абдуллоҳ II ибн ал-Ҳусейн ишғол кардааст.

 

Дар рӯйхат ҳамчунин шоҳи Марокаш Муҳаммади IV, президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Оятулло Алӣ Хоманаӣ, роҳбари олии Эрон аз соли 1989 зикр ёфтаанд.

Ба рӯйхати 500 нафар мусалмонони бонуфузи ҷаҳон ҳамчунин волоҳазрат шоҳзода Карим Оғохони IV – пешвои исмоилиёни ҷаҳон, ки пайравонаш дар Тоҷикистон низ иқомат доранд, президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов, сарвари Чеченистон Рамзан Қодиров ва муфтии Ӯзбекистон Усмон Олимов низ шомиланд.

Ба рӯйхати 500 нафар мусалмонони маъруфи дунё президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст соли 2012 шомил гардида буд.

Соли 2013 ба ин феҳрист раиси Ҳизби айни замон фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ низ дарҷ ёфта буд.

Соли 2015 дар қатори Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯйхат номи муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода низ зикр гардида, дар феҳристи соли гузашта намояндагони Тоҷикистон ҳузур надоштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.