ИМА: Таъмини амнияти Тоҷикистон ба ҳифзи озодиҳои ҳамаи шаҳрвандон вобаста аст

Ҳукумати ИМА дар робита ба ҳукме, ки нисбати ду адвокати мустақил рӯзи 6 октябр дар Душанбе содир шуд, нигаронӣ изҳор намуд. Дар изҳороти интишоршудаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон қайд мешавад, ки Иёлоти Мутаҳҳидаи Амрико бо изҳори нигаронӣ камбудиҳои назаррасро дар меъёрҳои адлияи ҷойдошта дар рафти мурофиаи судии вакилони дифоъ Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Махкамов, ки […]

Asia-Plus

Ҳукумати ИМА дар робита ба ҳукме, ки нисбати ду адвокати мустақил рӯзи 6 октябр дар Душанбе содир шуд, нигаронӣ изҳор намуд.

Дар изҳороти интишоршудаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон қайд мешавад, ки Иёлоти Мутаҳҳидаи Амрико бо изҳори нигаронӣ камбудиҳои назаррасро дар меъёрҳои адлияи ҷойдошта дар рафти мурофиаи судии вакилони дифоъ Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Махкамов, ки 6-уми октябр мутаносибан ба 23 ва 21 соли маҳбас маҳкум гардиданд, таъкид мекунад.

«Мо аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудаем, ки мурофиаи судӣ ба таври одилона, шаффоф ва мувофиқи уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон таҳти Аҳдномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ гузаронида шавад», – омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, дастрас набудани ҳимояи ҳуқуқии зарурӣ барои Ёров ва Маҳкамов, аз ҷумла барои овозҳои мустақил, боиси эҷоди монеа дар пешрафти демократии Тоҷикистон гардидааст.

«Иёлоти Мутаҳҳида аз мақомоти дахлдори  Тоҷикистон даъват менамояд, ки барои тамоми  вакилони дифоъ имкониятро ҷиҳати бе тарси ҳавф ё фишор, минҷумла ҳабси ғайриқонунӣ ё таъқибот адо намудани фаъолияташон фароҳам оваранд», – қайд мешавад дар изҳороти сафорат.

Зимнан изҳори итминон мешавад, ки пешрафти мунтазам ва таъмини амну субот дар Тоҷикистон пайравии Ҳукумати кишварро аз ҳифзи озодиҳои бунёдии ҳамаи шаҳрвандон талаб менамояд.

Қобили зикр аст, ки дар робита ба ҳукм нисбати адвокатҳо Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch (HRW) ва Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна (Association for Human Rights in Central Asia) низ садо баланд карда, аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват карданд, ки адвокатҳои ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкумшуда бетаъхир озод карда шаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.