“МегаФон Тоҷикистон” – шарики телекомии бозии футболи Тоҷикистон – Фаластин

Date:

Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ 5 октябри соли 2016 мусобиқаи байналмилалии футболи дастаҳои Тоҷикистон ва Фаластин барпо гардид. Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба сифати шарики телекомӣ баромад кард. Мусобиқаи футбол дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Вохӯрии дуюми дастаҳои миллӣ яке аз мусобиқаҳои чашмдошти ин тирамоҳ мебошад. Бозии гузаштаи онҳо, ки санаи 6 сентябр дар шаҳри Ҳеврони Фаластин баргузор шуда буд бо ҳисоби 1:1 анҷом гардид. Бозиии ҷавобӣ дар Душанбе низ мусовӣ – 3 бар 3 анҷом ёфт.  

Аз рӯйи ақидаҳои ташкилотчиёни мусобиқа, футбол на танҳо дар хориҷа, балки дар Тоҷикистон ҳам аз ҳама бозии машҳуртарин мебошад ва боз ҳам шумораи бештари тамошобинон ҳаводориро барои дастаҳои дӯстдоштаашон “дар реҷаи онлайн” интихоб мекунанд. Ба туфайли интернети мобилӣ аз “МегаФон” онҳо тавонистан таасуротҳоро аз бозӣ бо ҳам бубинанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ репортажи онлайн ва транслатсия гузаронанд. Фарогирии устувори интернет аз ҷониби шарики телекомии мусобиқа дар ҳудуди варзишгоҳ таъмин карда шуд.       

 “Бешубҳа, таъминкунии дастрасии интернети баландсуръат дар чунин мавзеи серодам кори осон нест. Аммо “МегаФон” дорои яке аз шабакаҳои пуриқтидори Тоҷикистон мебошад. Ба туфайли суръатҳои баланд муштариёни “МегаФон” метавонанд аз смартфонҳо ва планшетҳо ба Шабакаи ҷаҳонӣ баромада аз рафти бозӣ нақл карда эҳсосоти худро бо рафиқон ва наздикони худ бубинанд”, – шарҳ медиҳад роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ш.Душанбе ва НТМ Парвиз Давлатов.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...