Дорандаи ҷоизаи Нобел гуфтаҳои Пайғамбар Муҳаммад (с)-ро тасдиқ кард

Олими Ҷопон Йошинори Осуми, дорандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи тиб ва физиология исбот кард, ки рӯза барои организми инсон муфид аст. Бино ба маълумоти торнамои Ислам сегодня, аз ҷумла ӯ як механизме кашф кардааст, ки «аутофагия», яъне «худхӯрӣ» номида мешавад. Маънии ин мафҳум дар он ифода меёбад, ки ҳуҷайраҳои инсон ба шинохти маводи зараровар ва […]

Asia-Plus

Олими Ҷопон Йошинори Осуми, дорандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи тиб ва физиология исбот кард, ки рӯза барои организми инсон муфид аст.

Бино ба маълумоти торнамои Ислам сегодня, аз ҷумла ӯ як механизме кашф кардааст, ки «аутофагия», яъне «худхӯрӣ» номида мешавад. Маънии ин мафҳум дар он ифода меёбад, ки ҳуҷайраҳои инсон ба шинохти маводи зараровар ва барзиёдатӣ дар организм қодир буда, сипас онҳоро ба як чизи ба халта монанд – мембранаҳо ҷамъоварӣ ва ҳазм мекунанд ва «ашёи дуюмдараҷа»-и дар ҷараёни ин ҳазм ҳосилшуда ба бунёди ҳуҷайраҳои нав равона мегардад.

Тавре маълум шудааст, ҷараёни аутофагия дар ҳолате фаъол мешудааст, ки вақте организм дар ҳолати стресс (фишор) қарор мегирад. Ба истилоҳи дигар, вақте ҳуҷайраҳои инсон аз ғизогирӣ маҳрум мешаванд, онҳо маводи зараровари дар организм ҷойдошта, аз ҷумла бактерияҳои касалиоварро ба худ фурӯ мекашанд.

Ҳамин тариқ, таҳқиқоти олими Ҷопон гуфтаҳои Пайғамбар Муҳаммад (с) дар бораи муфид будани рӯза барои организмро тасдиқ мекунанд, зеро рӯза организмро аз таркибҳои зараровар ва «зиёдатӣ» пок мекунад. «Рӯза гиред – ин саломатии шуморо беҳтар мекунад», – мегуфт Пайғамбар Муҳаммад (с).

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст