Дар Арабистони Саудӣ ҳукми қатли шоҳзода ба иҷро расид

Ҳукуматдорони Арабистони Саудӣ ҳукми қатл нисбати шоҳзода Турки бин Сауд Ал Кабир, яке аз аъзои оилаи шоҳигариро ба иҷро расониданд. Шоҳзода як сол пеш ба куштор гунаҳкор дониста шуда буд. Бино ба маълумоти шабакаи телевизионии моҳворагии «Ал-Арабия» бо истинод ба изҳороти Вазорати корҳои хориҷии шоҳигарӣ, шоҳзода зимни як муноқишаи дастаҷамъона дар хаймаи урдӯгоҳ тирпарронӣ карда, […]

Asia-Plus

Ҳукуматдорони Арабистони Саудӣ ҳукми қатл нисбати шоҳзода Турки бин Сауд Ал Кабир, яке аз аъзои оилаи шоҳигариро ба иҷро расониданд. Шоҳзода як сол пеш ба куштор гунаҳкор дониста шуда буд.

Бино ба маълумоти шабакаи телевизионии моҳворагии «Ал-Арабия» бо истинод ба изҳороти Вазорати корҳои хориҷии шоҳигарӣ, шоҳзода зимни як муноқишаи дастаҷамъона дар хаймаи урдӯгоҳ тирпарронӣ карда, дӯсти худ Одил бин Сулаймон Ал Муҳаммадро қатл кард ва ҳамчунин боз як тани дигар низ захмӣ шуда буд.

Ҳукми қатл нисбати шоҳзодаро Судҳои олӣ ва таҷдиди назар (апеллятсионӣ)-и Аарабистони Саудӣ тасдиқ кардаанд. Аҳли оилаи ҳалокшуда ҷубронпулиро рад намуда, тақозо карданд, ки ҳукми одилона содир гардад.

Иҷрои ҳукми қатлро худи шоҳ бо фармонаш тасдиқ кардааст. Иҷрои ҳукми қатли намояндаи оилаи шоҳигарӣ нахустин дар таърихи шоҳигарии ин кишвар мебошад.

Дар Арабистони Саудӣ қонунҳои шариат амал мекунанд. Ҳукми олии қатл барои одамкушӣ, таҷовуз ба номус, тавҳин ба муқаддасоти исломӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ғоратгарии мусаллаҳона содир мешавад.

Агентии иттилоотии тиҷоратӣ ҳамчунин хотирррасон мекунад, ки моҳи январ дар шоҳигарӣ ҳукми қатли гурӯҳи иборат аз 47 нафар ба иҷро расид, ки барои иштирок дар амалҳои террористӣ ва суиқасд алайҳи ҳукумат маҳкум шуда буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.