Нерӯгоҳи Норак дар рӯйхати иншооти нодири саноатии ҷаҳон

Date:

Сомонаи «РИА Недвижимости» нерӯгоҳи барқи обии Нораки Тоҷикистонро ба рӯйхати панҷ иншооти нодири саноатии ҷаҳон шомил кард.

Ба андешаи таҳиягарони рӯйхати мазкур, нерӯгоҳи Роғун аз он ҷиҳат қобили таваҷҷуҳ аст, ки сарбанди аз сангу гил сохташудаи 300-метрааш баландтарин дар ҷаҳон буда, дарозии обанбораш низ хеле тӯлонӣ – 70 километр мебошад.

Дар садри рӯйхат дастгоҳи пармакунии Statfjord-B қарор дорад, ки дар 200 километрии Норвегия, дар баҳри Шимолӣ ҷойгир аст. Ин воситаи аз ҳама базургтарини шинокунандар дар ҷаҳон буда, баландиаш 271 метр (145 метраш зери об) ва вазнаш беш аз 840 ҳазор тонна аст. Бо ин дастгоҳ дар як шабонарӯз 180 ҳазор баррел нефт истихроҷ шуда, ғунҷоиши зарфҳои он 2 млн. баррел нафтро ташкил медиҳанд.

Ин иншоотро метавон бо ҷазира монанд кард, зеро дар он ҳамчунин корхонаи кимиёвӣ, озмоишгоҳҳори гуногун, майдони нишасту парвози чархбол ва ҳатто меҳмонхонаи 7-ошёна мавҷуд аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дастгоҳи пармакунии Statfjord-B

Платформаи истихроҷи гази Troll A., ки он низ дар 100 километрии Норвегия, дар баҳри Шимолӣ ҷойгир аст, ба ин рӯйхат шомил мебошад. Ин платформа бузургтарин иншооти бетонӣ дар ҷаҳон буда, баландиаш 472 метр (303 метарш зери об) ва вазнаш 684 ҳазор тонна аст. Дар ин платформа 40 чоҳи пармакунӣ ва корхонаи коркарди газ мавҷуд аст. Вазни платформа бо оби пуршуда ва пояҳояш ба 1,2 млн . тонна мерасад. Дар дохили платформа лифтҳо кор мекунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Платформаи истихроҷи гази Troll A.

Бинои NASA Vehicle Assembly Building -и Флорида низ дар ин рӯйхат зикр шудааст, ки ба сохтани дастгоҳҳои кайҳонӣ машғул аст. Ин иншоот бинои баландтарини 1-ошёна буда, баландиаш 160 метр ва майдонаш 3,67 млн. метри мукааб аст. Корхона бо он ҷолиб аст, ки дар дохили он ҳама гуна вазъи обуҳаворо мустақилона метавон ба вуҷуд овард. Танҳо як низоми ҳавософкун 10 тонна вазн дошта, аз 15 адад ҳавософкунҳо иборат аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бинои NASA Vehicle Assembly Building

Яке аз корхонаҳои бузургтарини киштисозии ҷаҳон – Meyer Werft дар Папенбург (Олмон) низ ба рӯйхат дохил шудааст. Дарозии ин корхона 504 метр, паҳноиаш – 125 метр ва баландиаш 75 метр аст, ки ба сохтани бузургтарин  киштиҳо барои сайру саёҳат имкон медиҳад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Яке аз корхонаҳои бузургтарини киштисозии ҷаҳон – Meyer Werft

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...