Бинобар мушкилот бо Galaxy Note 7 даромади Samsung 30% поин рафт

Date:

Даромад аз амалиёти ширкати Samsung-и Кореяи Ҷанубӣ дар семоҳаи сеюми соли равон бинобар сабаби даъвати баргардонидани смартфонҳои Galaxy Note 7 ба иллати мушкилот дар батареяҳояшон ба андозаи 30% поин рафта, 4,57 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Бино ба маълумоти RNS, дар воҳиди мобилӣ даромад аз амалиёт 90 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки камтарин аз семоҳаи чоруми соли 2008 аст.

Дар ҳамин ҳол, пули фурӯши Samsung дар семоҳаи сеюм ба миқдори 7,5% кам шуда, 43 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар воҳиди мобилӣ даромад аз фурӯш 15,3% – то 20,29 млрд. доллари ИМА поин рафтааст.

Дар ширкати Samsung беҳтар шудани нишондиҳандаҳои молиявӣ, аз ҷумла даромади воҳиди мобилиро дар семоҳаи 4-ум интизорӣ доранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...