ВКД: Дар Тоҷикистон аз рӯи парвандаи Умаралӣ Назаров ҳеҷ тафтишоте сурат нагирифтааст

Чанде қабл Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург парвандаи ҷиноӣ аз рӯи марги тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаровро қатъ намуд.  Ин тифлро соли гузашта мақомоти Хадамоти муҳоҷирати Русия ва пулис иҷборан аз модараш ҷудо карданд ва ӯ баъди чанде ба таври мармуз аз дунё даргузашт. Сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ дар мавриди ин […]

Asia-Plus

Чанде қабл Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург парвандаи ҷиноӣ аз рӯи марги тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаровро қатъ намуд.  Ин тифлро соли гузашта мақомоти Хадамоти муҳоҷирати Русия ва пулис иҷборан аз модараш ҷудо карданд ва ӯ баъди чанде ба таври мармуз аз дунё даргузашт.

Сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ дар мавриди ин масъала чунин ибрози назар кард, ки баъди бозгашти Заррина Юнусова, модари Умаралӣ ба Тоҷикистон, муфаттишони ВКД хуни ӯро барои ташхис гирифта, натиҷаҳои ташхис нишон доданд, ки дар таркиби хунӣ ӯ ситомегалловирус нест.

«Ин ташхис барои он гузаронида шуд, ки ба ҳамаи овозаҳо хотима бахшида шуда, солимии модар ва кӯдаки ӯ собит карда шавад. Натиҷаҳои ташхиси санаи 4 декабр аз ҷониби коршиносони тоҷик гузаронидашуда ба Кумитаи тафтишоти Русия фиристода шуданд», – гуфт номбурда.

Дар робита ба аризаи Заррина Юнусова ба ВКД дар моҳи ноябри соли 2015 оид ба оғози парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели марги тифл, ба ҷавобгарӣ кашидани кормандони мақомоти пулиси Русия ва табибони беморхона, Умарҷони Эмомалӣ қайд кард, ки дар ВКД Тоҷикистон аз рӯи парвандаи Умаралӣ Назаров ҳеҷ тафтишоте сурат нагирифтаааст.

«Ин ҳодисаи нохуш дар Русия рух дода, парвандаи ҷиноӣ ҳам дар ҳамон ҷо боз шуда буд. Аз рӯи як далел ду парвандаи ҷиноӣ боз намешавад», – шарҳ дод ӯ.

Чанд рӯз қабл, Олга Сейтлина, адвокати волидони Умаралӣ Назаров, дар шарҳи ин масъала ба ВАО изҳор доштааст, ки қарор дар бораи қатъи парвандаро то ҳол надидааст ва вақте ки онро дастрас кард, аз болои он шикоят бурданист.

Ёдрас мекунем, ки кӯдаки 5-моҳаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон Заррина Юнусова ва Рустам Назаров – Умаралӣ Назарови 5-моҳа ҳангоми рейди кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират дар шаҳри Санкт-Петербург субҳи рӯзи 13 октябри соли 2015 аз модараш гирифта шуда, баъди чанд соат аз ҷониби кормандони пулис ба бемористони кӯдаконаи ба номи Симбалин фиристода шуд ва нимашаби ҳамон рӯз дар ин бемористон фавтид. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Дар ҷараёни санҷиши хидматӣ ВКД ба хулоса расид, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин ҳолат аз рӯи қонун амал кардаанд, вале дигар ниҳодҳо мақомоти пулисро дар ин ҳодиса гунаҳкор донистанд.

Ғайр аз ин, нахуствазири Русия ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ваъда дода буд, ки ҳодисаи марги кӯдаки тоҷик дақиқан мавриди тафтиш қарор дода хоҳад шуд.

Моҳи майи соли равон «Новая газета хабар дода буд, ки суди Невскии шаҳри Санкт-Петербург беамалии мақомоти тафтишот дар ҷараёни таҳқиқи марги тифли панҷмоҳа аз Тоҷикистон Умаралӣ Назаровро ғайриқонунӣ эътироф кард.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл сокинони шаҳри Санкт-Петербург дар майдони Марсово гирдиҳам омада маросими ёдбуди марги тифли тоҷик Умаралӣ Назаровро баргузор кунанд. Дар ин ҳамоиш 30 нафар ширкат варзида, ба хотири тифл бо номи «Умаралӣ»шамъ фурӯзон карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.