Болоравии нарху тарифҳо дар Тоҷикистон дар як сатҳ бо Русия

Date:

Аз рӯи сатҳи таваррум миёни кишварҳои узви ИДМ Тоҷикистон «дар байн» қарор дорад. Нарху тарифҳо дар ҷумҳурӣ тақрибан дар як сатҳ бо Русия боло мераванд. Мизони таварруми бештар баландтар дар паҳнои ИДМ дар Беларус ба қайд гирифта шудааст.

Сардори шуъбаи омори нархҳо ва тарифҳои Агентии омори назди президенти ҶТ Абдухалил Наҷибуллоев ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 5,0% ва дар ифодаи солона – 6,4%-ро ташкил дода, ин нишондиҳандаҳо дар Русия мутаносибан ба 4,1% ва 6,4% баробар аст.

Дар ҳамин ҳол, аз оғози сол мизони таваррум дар Беларус – 8,3%, Украина – 6,4%, Қазоқистон – 5,6% ва Русия – 4,1%-ро ташкил дода, дар ин давра дар як қатор кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Қирғизистон, Молдова ва Арманистон дефлятсия (баланд бардоштани имконоти харидорпазирии пули маҳаллӣ, ки дар поинравии индески нархҳо ифода меёбад) ба мушоҳида расид. Дар Арманистон индекси нархҳои истеъмолӣ – 96,3%, Қирғизистон – 97,5% ва Молдова – 99,3%-ро ташкил дод.

Ҳамзамон моҳи сенябри соли ҷорӣ афзоиш аз ҳама бештари нархҳои истеъмолӣ нисбат ба моҳи гузашта дар Озарбойҷон (2,3%) ва Украина (1,8%) ба қайд гирифта шудааст. Моҳи гузашта сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 0,4%-ро ташкил дода буд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...