Ҷавобгарии ҷиноӣ барои таҳқири Пешвои миллат

Date:

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат аз пешниҳод барои ҳабси таҳқиркунандагони Пешвои Миллат ҳимоят кардааст.

Хабаргузории «Озодагон» дар ин робита менависад, тибқи тағйироти пешниҳодшуда ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳқири Пешвои Миллат то 5 соли зиндон пешбинӣ шудаст: “Ин тарҳ аз ҷониби Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуда, ҳукумат хулосаи мусбаташро нимаи моҳи октябр ироа намудааст”.

Ба иттилои манобеи “Озодагон” тағйироти мазкур 13-уми октябри соли равон ба Маҷлиси намояндагон ирсол гардидааст, аммо расман то ҳол аз ҷониби вакилон қабул нашудааст. Дар сурати қабули ин тағйирот барои таҳқири Пешвои Миллат, аз ҷумла тариқи интернет ё расонаҳо, ҷазо дар шакли ҷарима то 500 нишондиҳанда ё 5 соли зиндон татбиқ хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран расман Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат ва Тоҷикистони мустақил эълон шуда, аз ҳаққи роҳбарии якумрии кишвар бархӯрдор гардид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...