Кормандони хадамоти оташнишонии пойтахт ба идомаи фаъолияти яке аз бозорҳои бузурги шаҳри Душанбе – «Саховат» иҷоза доданд.
Савдогарони бозор имрӯз ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки нимаи дуюми рӯзи 3 ноябр кормандони хадамоти ба бозор омада, онро боз кардаанд.
Қаблан онҳо изҳор дошта буданд, ки аз баста шудани бозор дар тааҷҷубанд ва аз мақомот дархост намуда буданд, ки бозор кушода шавад, зеро аксари маҳсулот вайрон шуда метавонад.


