Дар Маҷлиси миллӣ табдили номи 22 маҳаллаи аҳолинишин тасдиқ шуд

Date:

Палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз аз дархости ҳукумати Тоҷикистон дар бораи иваз шудани номи як қатор маҳаллаҳои аҳолинишин дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Ваҳдат ҷонибдорӣ намуд.

Аз ҷумла табдили номи шаҳраки Пролетарск дар ноҳияи Ҷабор Расулов ба шаҳраки Меҳробод, деҳаи Қарақчиқуми шаҳри Конибодом ба деҳаи Ҷаҳонзеб, ҷамоати Арали ноҳияи Ҷомӣ ба ҷамоати ба номи собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон Қадриддин Ғиёсов, ҷамоати Сайёди ноҳияи Шаҳритӯс ба ҷамоати ба номи Қаҳрамони меҳнат Талбак Садриддинов тасдиқ шуд. Ҳамчунин дар ноҳияи Панҷ 7 деҳа ва дар шаҳри Ваҳдат 14 деҳа табдили ном карданд.

Ахиран ҳолатҳои табдили номи шаҳру навоҳӣ ва иншооти ҷуғрофӣ дар Тоҷикистон зиёд ба мушоҳида мерасанд, ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод мешавад. Аз ҷумла номи собиқ ноҳияҳои Тавилдара, Ҷиргатол, Қумсангир, Ғончӣ ва ғайра иваз шуда, обанбори нерӯгоҳи Қайроққум минбаъд Баҳри тоҷик номида мешавад.

Табдили номи шаҳру навоҳӣва деҳаҳо ба ҷуз саволи маъмулии «Бо кадом сабаб?», ҳамчунин саволи дигари «Барои ин чӣ қадар маблағ сарф мешавад?»-ро низ ба миён мегузорад.

Мансабдорон мегӯянд, барои ин «ҳеҷ маблағе» лозим нест. Вале бо назардошти ҳадди ақал дубора пурра бақайдгирии ҳуҷҷатҳои ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ, ширкатҳои хусусӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ба ҳар ҳол барои чунин навгониҳо маблағ зарур аст.

Ҳукуматдорон изҳор мекунанд, ки ивази номи шаҳру ноҳияҳо барои ноил гардидан ба ҳадафҳои олӣ – баланд бардоштани эҳсоси шаъну эътибори миллӣ ва бедор кардани хотираи таърихии насли наврас нигаронида шудааст. Дар бораи чӣ қадар маблағ масраф шудан дар ин самт ҳукуматдорон маълумот намедиҳанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...