Дар Маҷлиси миллӣ табдили номи 22 маҳаллаи аҳолинишин тасдиқ шуд

Палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз аз дархости ҳукумати Тоҷикистон дар бораи иваз шудани номи як қатор маҳаллаҳои аҳолинишин дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Ваҳдат ҷонибдорӣ намуд. Аз ҷумла табдили номи шаҳраки Пролетарск дар ноҳияи Ҷабор Расулов ба шаҳраки Меҳробод, деҳаи Қарақчиқуми шаҳри Конибодом ба деҳаи Ҷаҳонзеб, ҷамоати Арали ноҳияи Ҷомӣ ба ҷамоати ба номи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз аз дархости ҳукумати Тоҷикистон дар бораи иваз шудани номи як қатор маҳаллаҳои аҳолинишин дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Ваҳдат ҷонибдорӣ намуд.

Аз ҷумла табдили номи шаҳраки Пролетарск дар ноҳияи Ҷабор Расулов ба шаҳраки Меҳробод, деҳаи Қарақчиқуми шаҳри Конибодом ба деҳаи Ҷаҳонзеб, ҷамоати Арали ноҳияи Ҷомӣ ба ҷамоати ба номи собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон Қадриддин Ғиёсов, ҷамоати Сайёди ноҳияи Шаҳритӯс ба ҷамоати ба номи Қаҳрамони меҳнат Талбак Садриддинов тасдиқ шуд. Ҳамчунин дар ноҳияи Панҷ 7 деҳа ва дар шаҳри Ваҳдат 14 деҳа табдили ном карданд.

Ахиран ҳолатҳои табдили номи шаҳру навоҳӣ ва иншооти ҷуғрофӣ дар Тоҷикистон зиёд ба мушоҳида мерасанд, ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод мешавад. Аз ҷумла номи собиқ ноҳияҳои Тавилдара, Ҷиргатол, Қумсангир, Ғончӣ ва ғайра иваз шуда, обанбори нерӯгоҳи Қайроққум минбаъд Баҳри тоҷик номида мешавад.

Табдили номи шаҳру навоҳӣва деҳаҳо ба ҷуз саволи маъмулии «Бо кадом сабаб?», ҳамчунин саволи дигари «Барои ин чӣ қадар маблағ сарф мешавад?»-ро низ ба миён мегузорад.

Мансабдорон мегӯянд, барои ин «ҳеҷ маблағе» лозим нест. Вале бо назардошти ҳадди ақал дубора пурра бақайдгирии ҳуҷҷатҳои ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ, ширкатҳои хусусӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ба ҳар ҳол барои чунин навгониҳо маблағ зарур аст.

Ҳукуматдорон изҳор мекунанд, ки ивази номи шаҳру ноҳияҳо барои ноил гардидан ба ҳадафҳои олӣ – баланд бардоштани эҳсоси шаъну эътибори миллӣ ва бедор кардани хотираи таърихии насли наврас нигаронида шудааст. Дар бораи чӣ қадар маблағ масраф шудан дар ин самт ҳукуматдорон маълумот намедиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.