ВКД Тоҷикистон аввалин шуда аз омодагӣ ба амалҳои террористӣ дар Русия маълумот дастрас кард

Дар натиҷаи гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон И.К., сокини ноҳияи Турсунзода, дар давлати Сурия дар ҷанги муқобили сохти конститутсионии давлати Сурия иштирок карда, ҳамзамон хешу табор ва дигар шаҳрвандони Осиёи Миёнаро ба гурӯҳи террористии ДОИШ ҷалб мекард. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, […]

Asia-Plus

Дар натиҷаи гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон И.К., сокини ноҳияи Турсунзода, дар давлати Сурия дар ҷанги муқобили сохти конститутсионии давлати Сурия иштирок карда, ҳамзамон хешу табор ва дигар шаҳрвандони Осиёи Миёнаро ба гурӯҳи террористии ДОИШ ҷалб мекард.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бародари ӯ И.Ҷ., ки мехост барои дар амал татбиқ намудани амалҳои террористӣ ва иштирок дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлати Сурия бо супоришҳои аз бародараш гирифта ба давлати Сурия сафар намояд, дар фурудгоҳи шаҳри Москваи Федератсияи Россия аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дастгир карда шуда, ба Ватан баргардонида шуд.

Зимни гузаронидани дигар чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба воситаи бародари дастгиршудаи И.К., шаҳрванд И.Ҷ., дар натиҷаи амалиёти якҷояи кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Хадамоти Федеролии амният (ФСБ), дар шаҳри Москва ва шаҳри Санкт-Петербург 12 шаҳрвандони Осиёи Миёна, ки қасди содир намудани амалҳои террористиро дар Федератсияи Россия ва қаламрави Осиёи Миёна доштанд, дастгир карда шуданд.

Аз дастгиршудагон миқдори зиёди маводи тарканда ва силоҳи оташфишон дарёфт ва мусодира карда шуд.

Барои халал ворид накардан ба рафти тафтишоти пешакӣ мақомоти корҳои дохилӣ аз овардани ному насаби онҳо худорӣ менамояд.

Мавриди қайд аст, ки кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда ба ҳаммаслаки ин гурӯҳ баромада тавонистанд ва дар бораи ҳамаи аъзоёни гурӯҳ маълумот гирифтанд. Пас аз он маълумотҳо ба ҳамкорони Хадамоти Федеролии амнияти (ФСБ) Федератсияи Россия пешниҳод гардиданд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 12 ноябр Хадамоти федералии амнияти Русия навори видеоиеро мунташир намуд, ки дар он шаҳрванди Тоҷикистон эътироф мекунад, ки дар шаҳри Маскав амали террористӣ содир карданӣ буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.