Вазорати мудофиа: фурудгоҳи низомии Айнӣ васеъ не, атрофаш панҷарабандӣ мешавад

Date:

Кӯчонидани хонаҳои истиқоматӣ дар атрофи фурудгоҳи низомии Айнӣ танҳо бо мақсади панҷарабандии гирду атрофи он сурат мегирад. Ин фурудгоҳ ба Тоҷикистон аз замони шӯравӣ мерос монда, дар 15-километрии ғарби пойтахт ҷойгир шудааст ва ба иҷора дода намешавад.

«Васеъ кардани қаламрави фурудгоҳ ҳанӯз 10 сол пеш ба итмом расида, имрӯз дар он корҳои панҷрабандии атрофи он ҷараён доранд, ки ба хотири таъмини бехатарии парвозҳо ва амнияти аҳолии маскуни атрофи он доир мегарданд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Бино ба гуфтаи манбаъ, якчанд оилаҳои манзилашон дар қаламрави фурудгоҳ қарордошта метавонанд ба ҷойи дигар кӯчонида шаванд, вале шумори мушаххаси ин оилаҳо, ҳаҷми маблағ ва тартиби пардохти ҷубронпулиро комиссияи махсуси ҳукумати Тоҷикистон муайян мекунад.

«Агар маълум шавад, ки ин оилаҳо ғайриқонунӣ қитъаи змини гирду атрофи фурудгоҳро азхуд намуда, дар он хона сохтаанд, табиист, ки ба онҳо касе ҷубронпулӣ пардохт нахоҳад кард», – иброз дошт намояндаи Вазорати мудофиа.

Зимнан зикр гардид, ки фурудгоҳи низомии Айнӣ ба касе ба иҷора дода намешавад. Ин фурудгоҳ соли 2007 аз ҷониби мутахассисони Ҳиндустон таъмиру азнавсозӣ шуда, он замон Деҳлӣ барои ин корҳо 70 млн. доллар маблағ ҷудо карда буд. Имрӯз ин иншоот ба қабули ҳама гуна навъҳои ҳавопаймоҳо имкон дорад.

Таъкид шуд, ки бар асоси созишномаи дуҷониба миёни Душанбе ва Маскав айни замон сарнинишони Русия аз ин фурудгоҳ истифода мекунанд.

Манбаъ аз эҳтимол дур намедонад, ки бар асоси созишномаҳои дуҷониба ё бисёрҷониба ин иншоот метавонад аз ҷониби кишварҳои узви СААД ё СҲШ истифода шавад. «Маълумоти айни замон васеъ шудани қаламрави фурудгоҳ асоси воқеӣ надорад», – афзуд сарчашмаи хабар.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ дар ин робита менависад, беш аз 300 хонаводае, ки наздик ба хатти парвози фурудгоҳи низомии Айнӣ зиндагӣ доранд, аз қаламрави ин майдони ҳавоӣ ба минтақаҳои дигар кӯчонда мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...