Эмомалӣ Раҳмон сафирони 15 кишварро ба ҳузур мепазирад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда, 22 ноябр дар Кохи миллат сафирони тозатаъини 15 кишварро ба ҳузур мепазирад. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, сафирони Фаронса, Туркия, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Корея, Швейтсария, Шри Ланка, Бангладеш, Ватикан, Зеландияи Нав, Молдова, Австрия, Юнон, Чехия, Италия ва Нидерланд ба Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои худро месупоранд. Ба […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда, 22 ноябр дар Кохи миллат сафирони тозатаъини 15 кишварро ба ҳузур мепазирад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, сафирони Фаронса, Туркия, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Корея, Швейтсария, Шри Ланка, Бангладеш, Ватикан, Зеландияи Нав, Молдова, Австрия, Юнон, Чехия, Италия ва Нидерланд ба Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои худро месупоранд.

Ба иттилои манбаъ, ҳафтаи оянда президенти Тоҷикистон ҳамчунин бо вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ерлан Идрисов низ дидору гуфтушунид мекунад, ки рӯзҳои 24-25 ноябр бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор хоҳад дошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.