Вуруди беш аз 70 ҳазор муҳоҷирон аз Шарқи Наздик ба кишварҳои узви СААД

Зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар шаҳри Остона зикр гардид, ки аз оғози соли равон беш аз 70 ҳазор нафар муҳоҷирон аз кишварҳои Шарқи Наздик ба кишварҳои узви Созмон омада, аз ин шумор танҳо 7 ҳазор нафарашон боқӣ мондаанд. Гуфта мешавад, дар ҷаласа аз амалиёти «Нелегал-2016» […]

Asia-Plus

Зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар шаҳри Остона зикр гардид, ки аз оғози соли равон беш аз 70 ҳазор нафар муҳоҷирон аз кишварҳои Шарқи Наздик ба кишварҳои узви Созмон омада, аз ин шумор танҳо 7 ҳазор нафарашон боқӣ мондаанд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа аз амалиёти «Нелегал-2016» натиҷагирӣ шуда, зикр гардидааст, ки дар ҷараёни ин амалиёти муштараки кишварҳои узви СААД зиёда аз 140 ҳазор ҳолатҳои қонуншиканӣ дар самти қонунгузории муҳоҷират, 9 далели зархаридӣ, 21 далели барангехтани низоъи мазҳабӣ ошкор ва ба маблағи наздики 4,5 млн. доллар ҷаримабандиҳои маъмурӣ татбиқ шуда, ба маблағи наздики 1, 5 млрд. доллар амалиёти молиявии шубҳанок ошкор карда шудаанд.

Зимнан қайд шудааст, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои узви СААД барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҳудуди 2 ҳазор ва дигар ҷиноятҳо наздики 18 ҳазор парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 477 нафари мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарордошта, аз ҷумла 4 нафари онҳо ба гумони фаъолияти ифротгароӣ ошкор шудаанд.

Зикр мегардад, ки дар ҷараёни кофтуковҳо 7 матбааи нашри ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, дастурҳои тарзи тайёр кардани онҳо, техникаи махсуси компютерӣ, беш аз 200 адад ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, дастгоҳу таҷҳизот барои тайёр кардани шиносномаҳо, муҳрҳои қалбакӣ ва воситаҳои алоқа дарёфт шудааст.

Ба иттилои муовини дабири кулли СААД Валерий Семериков, имсол аз Сурия, Лубнон, Ироқ ва Яман беш аз 70 ҳазор нафар муҳоҷирон ба кишварҳои узви Созмон омада, зиёда аз 63 ҳазор нафарашон қаламрави ин кишварҳоро тарк кардаанд. «Баъзе аз муҳоҷирон ба қонуншиканӣ даст мезананд ва нисбати онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд», – иброз доштааст номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...