Қатъи иҷозатномаи кори 6 хабарнигори Радиои Озодӣ

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон "аккредитатсия" ё муҷаввизи кори 6 хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанберо қатъ кард. Бино ба иттилои дар сомонаи ин хабаргузорӣ нашршуда, ҳарчанд вазорат шарҳи расмии тасмимашро ироа накардааст, вале масъулони Радиои Озодӣ мегӯянд, ин кор баъди нашри хабар дар бораи мақоми Рухшона Раҳмонова, духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Вазорати умури […]

Радиои Озодӣ

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон "аккредитатсия" ё муҷаввизи кори 6 хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанберо қатъ кард.

Бино ба иттилои дар сомонаи ин хабаргузорӣ нашршуда, ҳарчанд вазорат шарҳи расмии тасмимашро ироа накардааст, вале масъулони Радиои Озодӣ мегӯянд, ин кор баъди нашри хабар дар бораи мақоми Рухшона Раҳмонова, духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Вазорати умури хориҷӣ, дар нимаи дувуми рӯзи 25 ноябр сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, ин шаш корманди дафтари радио дар Душанбе нимаи дувуми рӯзи ҷумъа ба вазорат даъват шуда ва "аккредитсия"-ашон гирифта шудааст. Ин кормандон Мирзонабии Холиқзод, Мардони Муҳаммад, Абдулло Ашӯров, Муҳаммадвафо Раҳматов, Амриддин Олимов ва Шодмони Ятим буда, ба хабари мақоми нави духтари президенти Тоҷикистон иртиботе надоштаанд.

Зикр мегардад, ки ном ва мақоми духтари раиси ҷумҳур дар рӯйхати расмии кормандони Вазорати умури хориҷӣ дар вебсайти ин ниҳод чоп шуда, манобеи дигар ҳам хабарро тасдиқ карданд.

Баъди нашри ин иттилоъ мақомот ба хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе панҷ дақиқа мӯҳлат додаанд, то хабарро ҳазф кунанд, вагарна муҷаввизи фаъолиятро аз даст хоҳанд дод. "Аккредитатсияи" журналистон баъди он қатъ карда шудааст, ки Радиои Озодӣ "манобеи хабарашро тафтиш карда ва тасмим гирифтааст, мақоларо нигоҳ дорад".

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.