Баррасии дурнамои ҳамкориҳои минтақавии Тоҷикистону Русия дар Душанбе

Конфронси панҷуми ҳамкории байни минтақаҳои Тоҷикистону Русия бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисоди Русия, намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон санаи 1 декабр дар Душанбе доир гардида, дар кори он намояндагони мақомоти минтақавии ҳокимияти иҷроия ва қонунгузор, доираҳои корӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва васоити ахбори умуми ҳарду кишвар ширкат меварзанд. Дар […]

Asia-Plus

Конфронси панҷуми ҳамкории байни минтақаҳои Тоҷикистону Русия бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисоди Русия, намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон санаи 1 декабр дар Душанбе доир гардида, дар кори он намояндагони мақомоти минтақавии ҳокимияти иҷроия ва қонунгузор, доираҳои корӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва васоити ахбори умуми ҳарду кишвар ширкат меварзанд.

Дар доираи кори конфронс чор мизи гирд гузаронида шуда, дар онҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши кишоварзӣ, вазъ ва танзими ҳуқуқии раванди муҳоҷирати корӣ, самтҳои асосии рушди равобити гуманитарӣ, дурнамо ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат ва зербинои саноативу нақлиётӣ баррасӣ мешаванд.

Аз рӯи натиҷаҳои Конфронс имзои як қатор санадҳои дуҷониба ва қабули изҳороти ҷамъбастии иштирокчиёни чорабинӣ дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки Русия шарики стратегии Тоҷикистон буда, аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо беш аз 1,1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Давоми чандин соли ахир Русия ба Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии зиёда аз 700 млн. доллари ИМА мустақиман сармоягузорӣ намуда, лоиҳаи бузургтарини сармоягузории Русия дар Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» мебошад, ки соли 2008 ба истифода дода шуд.

Ҳамчунин Русия яке аз кишварҳои асосиест, ки ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона мефиристад. Соли 2015 ҳаҷми ин кумак ҳудуди 4,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Ғайр аз ин, айни замон наздики 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио