Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Аз 30 ноябр то 2 декабр дар маркази тиҷоратии «Плаза Душанбе» Конфронси панҷум оид ба ҳамкориҳои минтақавии Тоҷикистону Русия доир мегардад; – Ҳунармандони Театри драмавии русии ба номи В.Маяковский дар саҳнаи Театри Лоҳутӣ спектакли «Исповедь Омара Хайяма» (Омурзиши Умари Хайём)-ро барои қабул ба Шӯрои адабии Вазорати фарҳанг намоиш медиҳанд. Басаҳнаггузорандаи спектакл Ҳунарманди халқии […]

Asia-Plus

АНОНС

– Аз 30 ноябр то 2 декабр дар маркази тиҷоратии «Плаза Душанбе» Конфронси панҷум оид ба ҳамкориҳои минтақавии Тоҷикистону Русия доир мегардад;

– Ҳунармандони Театри драмавии русии ба номи В.Маяковский дар саҳнаи Театри Лоҳутӣ спектакли «Исповедь Омара Хайяма» (Омурзиши Умари Хайём)-ро барои қабул ба Шӯрои адабии Вазорати фарҳанг намоиш медиҳанд. Басаҳнаггузорандаи спектакл Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Б. Миралибеков аст.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8768 сомонӣ;

1 евро – 8.3730 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1197 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1997 – Дар Душанбе зимни амалиёти хадамоти махсус роҳбари гурӯҳи ҷиноятпеша Ризвон Садиров нобуд карда шуд.

2002 — Миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд дар бораи шарикӣ оид ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ созишнома ба имзо расид.

2010 — Дар байни Тоҷикистону Қирғизистон дар доираи Ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) дар бораи ҳамлу нақли фаромарзии одамон, воситаҳои нақлиёт ва молҳо созишнома имзо шуд.

1908-1974 – Зодрӯзи нависанда, драматург ва тарҷумон, муаллифи песаву фелетон ва ҳикояҳои сершумор Самад Ғанӣ.

1918 – Мавлуди ҳунарманди театр Хайрӣ Усмонова.

1938 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Ҳамдам Рафиев, солҳои тӯлонӣ директори Омӯзишгоҳи тиббии Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино.

1948 – Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актрисаи театр Шарофат Рашидова.

1950 – Зодрӯзи Корманди шоистаи Тоҷикистон Абдулҳафиз Азизов.

1964 – Мавлуди адабиётшинос Боймурод Шарифзода.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1-6, рӯзона +2+7; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -2+3.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, , бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -5-10, рӯзона -1+4; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона +2+7.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -5-10, рӯзона -+5+10; дар шарқ шабона -10-15, рӯзона -4+1.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, , бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -5-10, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона 0-5. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +8+10.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +7+9.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +6+8.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона +5+7.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.