Даргузашти Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Файзалӣ

Date:

Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Файзалӣ дар синни 74-солагӣ аз олам даргузашт.

Хабаргузории «Озодагон» бо такя ба иттилои наздикони шоир менависад,  қалби ӯ рӯзи гузашта аз тапидан бозмондааст.

Гуфта мешавад, маросими видоъ бо Мирзо Файзалӣ имрӯз, 7 декабр дар зодгоҳаш шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад.

ҲОЛНОМА

МИРЗО ФАЙЗАЛӢ 9 майи соли 1942 дар рустои Чиртаки ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳозира Ваҳдат) таваллуд шуда, соли 1966 баъди адои хизмати ҳарбӣ, дар рӯзномаи “Коммуна” (ҳозира “Шаҳриёр”) ба фаъолияти рӯзноманигорӣ пардохтааст. Соли 1973 шӯъбаи шабонаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, чанд муддат котиби масъули рӯзномаи “Меҳнати коммунистӣ” (ҳозира “Набзи Файзобод”) ва беш аз даҳ сол мудири шӯъбаи маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак” будааст. Солҳои 1993-2010 сармуҳаррири рӯзномаи “Шаҳриёр”-и шаҳри Ваҳдат буд.

Давоми беш аз 40 соли машғул будан ба кори эҷодӣ маҷмӯаҳои назмию насрии ӯ монанди “Шери тағош” (1984), “Кӯршапарак” (1989), “Бозёфти ҳайратовари доктор Сомонӣ” (1991), “Кайф аз Самак то бар Само” (1996), “Қотили қотилон” (1998), “Сангари номус” (2001), “Бо додҳо, фарёдҳо” (2002), “Чамани ёдҳо” (2004), “Ману Ватан” (2006), “Ба шумо дурӯғу ба Худо рост” (2005), “Шов-шови мардум” (2007), “Гӯри гумшуда” (2008), “Гулхори чида-чида” (2011), “Адлу дод асли ҷавонмардии ӯст” (2014) аз чоп баромадаанд.

Мирзо Файзалӣ унвони Шоири халқии Тоҷикистонро дошта, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...