Даргузашти Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Файзалӣ

Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Файзалӣ дар синни 74-солагӣ аз олам даргузашт. Хабаргузории «Озодагон» бо такя ба иттилои наздикони шоир менависад,  қалби ӯ рӯзи гузашта аз тапидан бозмондааст. Гуфта мешавад, маросими видоъ бо Мирзо Файзалӣ имрӯз, 7 декабр дар зодгоҳаш шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад. ҲОЛНОМА МИРЗО ФАЙЗАЛӢ 9 майи соли 1942 дар рустои Чиртаки ноҳияи Орҷоникидзеобод […]

Хабаргузории «Озодагон»

Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Файзалӣ дар синни 74-солагӣ аз олам даргузашт.

Хабаргузории «Озодагон» бо такя ба иттилои наздикони шоир менависад,  қалби ӯ рӯзи гузашта аз тапидан бозмондааст.

Гуфта мешавад, маросими видоъ бо Мирзо Файзалӣ имрӯз, 7 декабр дар зодгоҳаш шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад.

ҲОЛНОМА

МИРЗО ФАЙЗАЛӢ 9 майи соли 1942 дар рустои Чиртаки ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳозира Ваҳдат) таваллуд шуда, соли 1966 баъди адои хизмати ҳарбӣ, дар рӯзномаи “Коммуна” (ҳозира “Шаҳриёр”) ба фаъолияти рӯзноманигорӣ пардохтааст. Соли 1973 шӯъбаи шабонаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, чанд муддат котиби масъули рӯзномаи “Меҳнати коммунистӣ” (ҳозира “Набзи Файзобод”) ва беш аз даҳ сол мудири шӯъбаи маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак” будааст. Солҳои 1993-2010 сармуҳаррири рӯзномаи “Шаҳриёр”-и шаҳри Ваҳдат буд.

Давоми беш аз 40 соли машғул будан ба кори эҷодӣ маҷмӯаҳои назмию насрии ӯ монанди “Шери тағош” (1984), “Кӯршапарак” (1989), “Бозёфти ҳайратовари доктор Сомонӣ” (1991), “Кайф аз Самак то бар Само” (1996), “Қотили қотилон” (1998), “Сангари номус” (2001), “Бо додҳо, фарёдҳо” (2002), “Чамани ёдҳо” (2004), “Ману Ватан” (2006), “Ба шумо дурӯғу ба Худо рост” (2005), “Шов-шови мардум” (2007), “Гӯри гумшуда” (2008), “Гулхори чида-чида” (2011), “Адлу дод асли ҷавонмардии ӯст” (2014) аз чоп баромадаанд.

Мирзо Файзалӣ унвони Шоири халқии Тоҷикистонро дошта, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.