Оташзании як зан назди бинои додситонии Остона

Дар Остонаи Қазоқистон зане назди бинои додстонӣ худро оташ задааст. Ин зан ҳамроҳи се нафари дигар то назди даромадгоҳи додситонӣ омада, болопӯшашро бароварда ва дар сару рӯяш бензин пошида худро оташ задааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ҳаракати зан "ногаҳонӣ ва ғайриинтизор" будааст. Расонаҳои маҳаллӣ хабар додаанд, ки зани маҷруҳ дар шуъбаи эҳёи бемористон бистарӣ […]

Радиои Озодӣ

Дар Остонаи Қазоқистон зане назди бинои додстонӣ худро оташ задааст. Ин зан ҳамроҳи се нафари дигар то назди даромадгоҳи додситонӣ омада, болопӯшашро бароварда ва дар сару рӯяш бензин пошида худро оташ задааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ҳаракати зан "ногаҳонӣ ва ғайриинтизор" будааст. Расонаҳои маҳаллӣ хабар додаанд, ки зани маҷруҳ дар шуъбаи эҳёи бемористон бистарӣ шудааст.

Тибқи иттилои пешакӣ, ин зан Рисманова М.Е, соли таваллудаш 1968 аст. Додситонӣ гуфтааст, эҳтимол сабаби худсӯзии вай эътироз ба ҳукми писари 28-солааш аст. Моҳи июни соли гузашта писари вай бо айби нигаҳдории маводди мухаддир ба 4,5 соли зиндон маҳкум шуда будааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.