Нахустин сафари расмии Шавкат Мирзиёев аз Русия шурӯъ мешавад

Шавкат Мирзиёев, президенти тозаинтихоби Ӯзбекистон нахустин сафари расмиашро аз Русия шуруъ мекунад. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба расонаҳои Русия, Шавкат Мирзиёеви 59-сола дар интихоботи президентӣ, ки 4 декабр барпо шуд, бо касби бештар аз 88 дарсади раъйи мардум пирӯз шуд. Гуфта мешавад, маросими савгандёдкунии Мирзиёев то охири моҳи декабр сурат мегирад […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Шавкат Мирзиёев, президенти тозаинтихоби Ӯзбекистон нахустин сафари расмиашро аз Русия шуруъ мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба расонаҳои Русия, Шавкат Мирзиёеви 59-сола дар интихоботи президентӣ, ки 4 декабр барпо шуд, бо касби бештар аз 88 дарсади раъйи мардум пирӯз шуд.

Гуфта мешавад, маросими савгандёдкунии Мирзиёев то охири моҳи декабр сурат мегирад ва вай зимистон ё баҳори соли 2017 ба Русия хоҳад рафт.

Зикр мегардад, ки Шавкат Мирзиёев дар мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин дар Самарқанд, ки 6 сентябр барпо шуд, гуфта буд, ки барои Ӯзбекистон муносибат бо Русия "шарикии стратегӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд".

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.