Барои эътидоли вазъ дар «Тоҷиксодиротбонк» 1 моҳ муҳлат дода шуд

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), барои ба эътидол овардани вазъ дар ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ба Тоҷиддин Пирзода як моҳ муҳлат дода шудааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар асоси қарорҳои Раёсати БМТ аз 13 декабри соли ҷорӣ фаъолияти Маъмуриятҳои муваққатӣ дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСП “БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк” ба анҷом расид. Гуфта мешавад, […]

Asia-Plus

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), барои ба эътидол овардани вазъ дар ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ба Тоҷиддин Пирзода як моҳ муҳлат дода шудааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар асоси қарорҳои Раёсати БМТ аз 13 декабри соли ҷорӣ фаъолияти Маъмуриятҳои муваққатӣ дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСП “БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк” ба анҷом расид.

Гуфта мешавад, дар робита ба қарорҳои зикршуда, роҳбарияти «Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСП “БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк” ӯҳдадор карда шуданд, ки дар муҳлати то як моҳ аз рӯзи қабули қарори мазкур нақшаи беҳбудии вазъи молиявии бонкро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба «Азия-Плюс» маълум шуд, барои ба эътидол овардани вазъи молии «Тоҷиксодиротбонк» 2 млрд. сомонӣ ҷудо шудааст. Тибқи баъзе маълумот, 80%-и саҳмияҳои бонк ба ихтиёри давлат гузаштаанд. Айни ҳол окшор кардани аз куҷову бо кадом шартҳо ҷалб гардидани ин маблағ баҳри наҷоти бонки мазкур муяссар нашуд.

Ёдрас мекунем, ки Бонки миллӣ Тоҷиддин Пирзодаро ба раёсати «Тоҷиксодиротбонк» баргардонид. Ин қарор дар ҷаласаи ғайринавбатии васеи саҳҳомони «Тоҷиксодиротбонк» бо иштироки раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва муовини ӯ Ҷамолиддин Нуралиев қабул шуд. Рӯзи 12 декабр маъмурияти муваққатии бонк, ки муддати 7 моҳ дар он фаъолият дошт, Тоҷиддин Пирзодаро ба кормандони бонк муаррифӣ намуд.

Маъмурияти муваққатӣ дар «Тоҷиксодиротбонк» 18 майи соли равон таъин шуда, онро Мирҳаёт Ёқубов роҳбарӣ мекард, ки моҳи сентябр ҳатто аз мансаби худ дар Бонки миллӣ – муовини роҳбари деапртаменти захираҳои байнулмилалии БМТ даст кашида буд.

Дар мавриди «Тоҷпромбонк» алҳол маълум нест, ки роҳбариаш ба кӣ вогузор мегардад. Дар ин бонк низ 3 май нахуст ба муҳлати 3 моҳ маъмурияти муваққатӣ таъин шуда, сипас муҳлати амали он дароз шуда буд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер