Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Рӯзҳои 15-16 декабр дар меҳмонхонаи «Шератон» дар доираи амалисозии барномаҳои маърифатии Ташкилоти байнулмилалии Институти «Ҷомеаи кушода» Фонди Мусоидат дар Тоҷикистон форум баргузор мешавад; – Дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе таҳти унвони «ЮНИСЕФ-70 сол барои ҳар як кӯдак» намиоиш доир мегардад. Воридшавӣ ройгон аст. Оғоз соати 14-00. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ […]

Asia-Plus

АНОНС

– Рӯзҳои 15-16 декабр дар меҳмонхонаи «Шератон» дар доираи амалисозии барномаҳои маърифатии Ташкилоти байнулмилалии Институти «Ҷомеаи кушода» Фонди Мусоидат дар Тоҷикистон форум баргузор мешавад;

– Дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе таҳти унвони «ЮНИСЕФ-70 сол барои ҳар як кӯдак» намиоиш доир мегардад. Воридшавӣ ройгон аст. Оғоз соати 14-00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8773 сомонӣ;

1 евро – 8.3870 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1264 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1932 – Роҳи мошингарди Душанбе – Ғарм ба истифода дода шуд.

1956 – Гидроагрегати якуми нерӯгоҳи обӣ-барқии Қайроққум «Дӯстии халқҳо» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

1997 – Ҳавопаймои ТУ-154-и хатсайри «Хуҷанд-Шарҷа» ба садама дучор гардида, ба ҷуз як штурман, дигар мусофирону ҳайати халабононаш ба ҳалокат расиданд.

2009 — Тоҷикистону Русия дар бораи тартибу шароитҳои таъсис ва фаъолияти филиалҳои макотиби олии Русия дар Тоҷикистон ва макотиби олии Тоҷикистон дар қаламрави Русия созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расониданд.

2011 — Дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Киев миёни Украина ва Тоҷикистон 7 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

1915 – Зодрӯзи нахустин эндокринологи тоҷик, доктори улуми тиббӣ, Табиби шоистаи ҶШС Тоҷикистон Додоҷон Аҳмедов.

1912-1944 – Мавлуди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Сафар Амиршоев.

1931-1986 – Зодрӯзи нависанда Шоҳин Боев.

1933 – Мавлуди олими фанни математика, профессор Саидхоҷа Азизов.

1933-1993 – Зодрӯзи нависанда Бобо Насриддинов.

1936 – Мавлуди сароянда Қумрӣ Қодирова.

1937-1969 – Зодрӯзи устоди варзиши ИҶШС Абдулхайр Усмонов.

1949 – Мавлуди профессор Зариф Шарифов.

1953 – Зодрӯзи шоир Иззатбек Идиев.

1955 – Мавлуди журналист Темуршои Файзалӣ.

1957-2001 – Зодрӯзи ҳуқуқшинос Кароматулло Холиқов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14; дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +3+8.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда баъзан боришот (борон, барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -1-6, рӯзона +6+11; дар шарқ шабона -12-17, рӯзона -1+4.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +12+17; дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +5+10. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +10+12.   

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +7+9.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.