Пешниҳоди табдили номи 15 маҳаллаи аҳолинишини Суғд

Date:

Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди табдили 15 маҳаллаи аҳолинишини вилояти Суғдро ба палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ ирсол намуд.

Бар асосии пешниҳоди ҳукумат дар шаҳри Панҷакент деҳаи Муғулиён – ба Сафобахш, Қизилҷар – ба Зарринрӯд, Камартош – ба Камардашт, Ҷамбулоқ – ба Ҷомчашма, Тегирмонтеппа – ба Осиёбтеппа, Кӯктош ба – Кабудсанг ва Қичиқ Шӯрнова – ба Шӯрноваи хурд табдили ном мекунанд.

Дар шаҳри Конибодом: номи деҳаҳои Шоҳидқараянтоқ – ба Диловарон, Яккатерак – ба Сафедорак; дар ноҳияи Ашт: деҳаи Қӯрғонча – ба Қалъача, Қамишқӯрғон – ба Хӯҷистон; дар ноҳияи Спитамен деҳаи Оқтеппа – ба Сафедтеппа, Фармонқӯрғон – ба Фармонқалъа, Саидқӯрғон – ба Саидқалъа ва Қӯштегирмон – ба Сариосиё иваз карда мешаванд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Моҳи ноябр палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ аз дархости ҳукумати Тоҷикистон дар бораи иваз шудани номи як қатор маҳаллаҳои аҳолинишин дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Ваҳдат ҷонибдорӣ намуд.

Ахиран ҳолатҳои табдили номи шаҳру навоҳӣ ва иншооти ҷуғрофӣ дар Тоҷикистон зиёд ба мушоҳида мерасанд, ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод мешавад. Аз ҷумла номи собиқ ноҳияҳои Тавилдара, Ҷиргатол, Қумсангир, Ғончӣ ва ғайра иваз шуда, обанбори нерӯгоҳи Қайроққум минбаъд Баҳри тоҷик номида мешавад.

Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ номҳои чандин шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иваз шуда, (баъзеашон якчанд маротиба), бархе мақоми шаҳрро соҳиб шуданд ё аз нав таъсис дода шуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...