Лякин-Фролов: сармоягузориҳои Русия ба Тоҷикистон коҳиш меёбанд

Ҳаҷми сармоягузориҳои Русия ба Тоҷикистон коҳиш меёбанд ва ин сабабҳои худро дорад: меъёрҳои баланди андоз, бахусус дар соҳаи телекоммуникатсия. Андозҳо баъзан аз худи даромад зиёдтаранд, изҳор дошт сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин Фролов зимни нишасти хабарии рӯзи 27 декабр. Дипломати рус изҳори умедворӣ намуд, ки дастурҳои дар паёми имсолаи президент зикршуда оид ба андешидани чораҳо […]

Asia-Plus

Ҳаҷми сармоягузориҳои Русия ба Тоҷикистон коҳиш меёбанд ва ин сабабҳои худро дорад: меъёрҳои баланди андоз, бахусус дар соҳаи телекоммуникатсия. Андозҳо баъзан аз худи даромад зиёдтаранд, изҳор дошт сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин Фролов зимни нишасти хабарии рӯзи 27 декабр.

Дипломати рус изҳори умедворӣ намуд, ки дастурҳои дар паёми имсолаи президент зикршуда оид ба андешидани чораҳо барои беҳбуди муҳити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба беҳтар шудани вазъ дар ин самт мусоидат мекунанд.

«Мо дарк мекунем, ки дар кишвар барои ин хоҳиш ҳаст, вале шароити дахлдор муҳайё кардан зарур аст, ин ҳақиқати баҳснопазир мебошад», – гуфт ӯ.

Сафир зикр кард, ки то ҳол мушкили пардохти маблағи барқи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» (80 млн. $) аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» ҳалношуда боқӣ монда, «пешравие ҳам дар ин самт ба мушоҳида намерасад».

«Мисолҳои мусбат ҳам ҷой доранд. Имсол дар Душанбе маркази фитнеси «X-FIT» бо сармоягузории 10 млн. доллари ИМА, қаҳвахонаи «Шоколадница» низ бо сармоягузории Русия боз шуд. Ин сармоягузориҳои мустақим мебошанд, ки ба тарзи ҳаёти нав дар шаҳр мусоидат мекунанд», – гуфт Игор Лякин-Фролов.

Бино ба маълумоти дипломат, соли равон ҳаҷми сармоягузориҳои мустақим 80 млн. ва сармоягузориҳои умумӣ 1,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, ҳаҷми савдо миёни Тоҷикистону Русия низ начандон кам шудааст: соли 2014 он 1250 млрд. ва соли 2016 беш аз 1 млрд. доллари  ИМА-ро ташкил додааст ва дар ҳамин ҳол, сохтори он тағйир наёфта, ҳудуди 90% ба содирот аз Русия рост меояд.

«Мо мефаҳмем, ки ин кам аст ва кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки ҳаҷми воридот аз Тоҷикистонро зиёд кунем, аз ҷумла ба воситаи барномаи маҳсулоти воридотивазкунанда», – зикр кард сафири Русия.

Лякин-Фролов ҳамчунин илова кард, ки ба маълумоти оморӣ оид ба ҳаҷми воридот аз Тоҷикистон маҳсулоте, ки тариқи Қирғизистону Қазоқистон ба Русия ворид мешавад, ба инобат гирифта нашудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио