Николай Бордюжа мансаби дабири кулли СААД-ро тарк кард

Иҷрои вазифаҳои дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) аз 1 январи соли 2017 ба дӯши муовини дабири кулли СААД Валерий Семериков вогузор шудааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти СААД, Николай Борджюжа аз соли 2003 вазифаи дабири кулли ин Созмонро бар дӯш дошт. Моҳи декабри соли 2015 дар нишасти СААД дар Маскав қарор шуд, ки […]

Asia-Plus

Иҷрои вазифаҳои дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) аз 1 январи соли 2017 ба дӯши муовини дабири кулли СААД Валерий Семериков вогузор шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти СААД, Николай Борджюжа аз соли 2003 вазифаи дабири кулли ин Созмонро бар дӯш дошт. Моҳи декабри соли 2015 дар нишасти СААД дар Маскав қарор шуд, ки ваколатҳои ӯ то 1 январи соли 2017 дароз карда шаванд. Генерал-полковники мустаъфӣ Валерий Семериков низ аз соли 2003 муовини дабири кулли СААД мебошад.

Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бар асоси Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъии 15 майи соли 1992 аз ҷониби кишварҳои узви ИДМ баимзорасида таъсис дода шуд. Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон кишварҳои узви СААД мебошанд. Охири моҳи июни соли 2012 Ӯзбекистон эълон кард, ки узвияти худ дар Созмонро бозмедорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио