Ҳукумат воситаҳои буҷет аз бонкҳои дучори мушкилро бозпас мегирад

Date:

Ҳукумати Тоҷикистон воситаҳои корхонаву ташкилотҳои буҷетиро аз бонкҳои дучори мушкил бозпас мегирад. Ин воситаҳо пурра ба суратҳисоби ягонаи Хазинадории марказии Вазорати молия гузаронида шуда, дар муддати як сол истифодаи онҳо маҳдуд мешавад.

Дар қарори ҳукумат «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки ҶТ барои сармоягузории бонкҳо» гуфта мешавад, ин тадбир баҳри пешгирии фишори асъорӣ ва дастгирии сатҳи устувори таваррум андешида мешавад.

«Ин ҷо доир ба воситаҳои озоди муассисаҳои буҷетӣ сухан меравад, ки муваққатан дар суратҳисобҳои амонатии дар бонкҳои дучори мушкилот ҷойгир шуда буданд. Ҳаҷми ин воситаҳо танҳо дар ду бонки низомсоз беш аз 1,6 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Бозпас гирифтан ва дар Вазорати молия нигаҳдории маҳз ҳамин воситаҳо дар назар аст, то ки дар вазъи суратмегирифта бо сармоягузории бонкҳо ба як гунае қурби асъори миллӣ дастгирӣ ва мизони таваррум дар як сатҳи муайян нигаҳдорӣ шавад», – гуфт ба «Азия-Плюс» дар ин робита як коршиноси бахши молиявӣ.

Қобили зикр аст, ки даҳаи охири моҳи декабр палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз қарори ҳукумат дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ ҷиҳати сармоягузорӣ намудани бонкҳои тиҷоратии кишвар ҷонибдорӣ намуд.

Дар маҷмӯъ ба бонкҳо ба маблағи умумии 3 млрд. 850 млн. сомонӣ (наздики 490 млн. доллари ИМА бо қурби ҳозира) векселҳо пешниҳод мешаванд. Аз ҷумла «Тоҷиксодиротбонк» ба маблағи 2 млрд. 250 млн. сомонӣ, «Агроинвестбонк» – 1 млрд. 70 млн. сомонӣ, «Тоҷпромбонк» – 450 млн. сомонӣ ва «Фононбонк» – 80 млн. сомонӣ коғазҳои қиматнок мегиранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...