Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Миллардро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни дидор ҷонибҳо сатҳи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону ИМА-ро дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ карда, роҷеъ ба масоили ҳамкориҳои минтақавӣ ибрози назар намуданд.
Аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои ҳамкори дар самти амният, САҲА, платформаи С5+1, ва таҷлили 25-умин солгарди равобити дипломатии байни Амрикову Тоҷикистон муҳокима намуданд.
Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА 14 феврали соли 1992 роҳандозӣ шуда, сафоратхонаи ин кишвар дар Тоҷикистон моҳи марти соли 1992 ифтитоҳ гардид.
Сафоратхонаи Тоҷикистон дар ИМА моҳи декабри соли 1992 ба фаъолият шурӯъ кард. Айни замон сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Фарҳод Салим мебошад.


