Тоҷикистониёни дар Забайкале гумшуда кушта шудаанд

Date:

Ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки рӯзи 30 декабр дар кишвари Забайкалеи Русия бедарак шуда буданд, кушта шудаанд. Гумонбаршудагон ба гуноҳашон иқрор шудаанд.

Тошпӯлод Тошпӯлодови 56-сола, ки ҳам шаҳрванди Тоҷикистону ҳам шаҳрванди Русия аст ва Бурҳон Гадоеви 31-сола рӯзи 30 декабр бедарак шуданд. Наздикони онҳо изҳор дошта буданд, ки ин ду тан аз шаҳри Чита ба ноҳияи Красночикойск раҳсипор шуда, то ҳол барнагаштаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Тошпӯлод Тошпӯлодов

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бурҳон Гадоев

Санаи 8 январ агентии «Чита.ру» бо истинод ба Раёсати тафтишоти минтақавӣ хабар дод, ки мардони гумшуда кушта шуда, дар содир намудани ин ҷиноят ду нафар сокинони маҳаллӣ гумонбар дониста мешаванд, ки аллакай ба гуноҳашон иқрор шудаанд.

«Бино ба маълумоти тафтишот, гумонбаршудагон, мардони 34 ва 31-сола мебошанд, ки як тан аз онҳо як моҳ пеш баъди 12 соли зиндон барои ҷинояти одамкушӣ озод шуда, ҷинояти мазкурро пешакӣ тарҳрезӣ намудаанд. Онҳо дар бораи фурӯши миқдори зиёди чормағзи ҷалғӯза (кедровый орех) гапзанон карда, вақте ҷабрдидагон бо пул ба назди онҳо меоянд, гумонбаршудагон онҳоро аз милтиқи шикорӣ парронида, ба болои автомашина мепартоянд ва пулҳоро бо худ мегиранд», – хабар додааст хадамоти матбуоти Кумитаи тафтишот.

Гуфта мешавад, дар хонаҳои гумонбаршудагон кофтуков гузаронида шуда, онҳо ҷойи ҷасадҳо ва автомашинаро нишон додаанд. Тибқи маълумоти мақомоти тафтишот, ба ин ҳодисаи куштор як сокини шаҳри Чита низ даст дорад.

Тавре хешовандону наздикони кушташудагон хабар додаанд, ояндаи наздик ҷасадҳои онҳо ба ватанашон – ноҳияи Ғончӣ фиристода мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...