Ҳалокати 2 нафар бар асари ба дарёи Панҷ сарозер шудани автомашина

Date:

Дар 348-умин километри шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ  мошини тамғаи “Ҳендай-Соната”, ки аз ҷониби сокини 35-солаи шаҳри Хоруғ идора мешуд, аз баландии 35 метр ба дарёи Панҷ сарозер шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ҳангоми ҳодиса ҳамроҳ бо ронанда дар мошин боз сокини 47-солаи ноҳияи Шуғнон низ ҳузур доштааст.

Гуфта мешавад, барои баргузории чораҳои ҷустуҷӯиву наҷот аз ҷумлаи кормандони Маркази наҷот ва наҷотбахшони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ВМКБ гуруҳи фаврӣ созмон дода шудааст.

«Дар натиҷаи роҳандозии амалиётҳои ғаввосӣ дар дарёи Панҷ дар қаламрави ноҳияи Дарвоз мошин ва мусофири он пайдо шуд. Онро аз чуқурии даҳҳо метр боло кашиданд ва ба соҳил расониданд. Ҷустуҷӯи ҷасади ронанда ҳамоно идома дорад», – омадааст дар хабари Кумита.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Кори ғаввосон

Кумита аз ронандагон дархост кардааст, ки дар роҳҳои мошингард дар ин фасли зимистон хеле эҳтиёткор ва бодиққат бошанд, зеро саломатӣ ва ҳаёти инсонҳои дигар аз онҳо вобаста аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...