Хутбаи никоҳро танҳо имом-хатибон мехонанд

Кумита оид ба корҳои дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон хостори он аст, ки барои анҷоми расми никоҳ танҳо ба имом-хатибони масҷидҳо иҷозат дода шавад. Муллоҳо (рӯҳониёни ғайрирасмӣ)-ро барои ин амал Кумита ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карданист. Зимни нишасти хабарӣ муовини раиси Кумита Ҷумъахон Ниёзов дар ин робита изҳор намуд, ки ҳанӯз ду […]

Asia-Plus

Кумита оид ба корҳои дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон хостори он аст, ки барои анҷоми расми никоҳ танҳо ба имом-хатибони масҷидҳо иҷозат дода шавад. Муллоҳо (рӯҳониёни ғайрирасмӣ)-ро барои ин амал Кумита ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карданист.

Зимни нишасти хабарӣ муовини раиси Кумита Ҷумъахон Ниёзов дар ин робита изҳор намуд, ки ҳанӯз ду сол қабл Кумита ба ҳамаи имом-хатибони масҷидҳо дастур дода буд, ки дафтаре боз намуда, дар он ному насаби шахсонеро, ки никоҳ кардаанд, қайд кунанд.

«Ин дастур барои он дода шуд, ки аз ҳодисаҳои такрор шудани никоҳ аз ҷониби мард ё никоҳи ноболиғон пешгирӣ шавад», – иброз дошт номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, ба имом-хатибон дастур дода шудааст, ки танҳо дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷат аз идораи САҲШ маросими никоҳро анҷом диҳанд ва имом-хатибоне, ки ин дастурро сарфи назар кардаву мардро бо зани дуюму сеюм никоҳ кардаанд, аллакай аз мансабҳояшон барканор шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи намояндаи Кумитаи дин, айни замон бештар рӯҳониёни ғайрирасмӣ – муллоҳо бидуни бекор шудани ақди никоҳи пештара мардонро такроран никоҳ мекунанд.

Сардори Раёсати ташкилотҳои динии Кумита Ҳусейн Шокиров дар мавриди ин масъала зикр кард, ки ҳарчанд дастури Кумита асосҳои қонунӣ надошта бошад ҳам, муллое, ки маросими никоҳро анҷом додаву он муайян карда шудааст, огоҳ карда мешавад, вале дар ин ҳолатҳо мулло ҳеҷ масъулияте надорад.

«Айни замон дар Кумита ба ҳаллу фасли ин масъала, яъне чӣ гуна ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб кардани ин муллоҳо машғул аст», – афзуд Шокиров.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.