Гуфтушуниди Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба барқарор кардани алоқаи роҳи оҳан

Идораҳои роҳи оҳани Тоҷикистону Ӯзбекистон гутфшунидҳо доир ба барқарор кардани алоқа тариқи роҳи оҳан миёни кишварҳоро дар самти ҷануб идома медиҳанд. Аввали соли 2012 Ӯзбекистон роҳи оҳан аз кишвараш ба самти вилояти Хатлонро баст. Мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистон ният доштанд, ки дар ҷаласаи комиссияи ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикиситону Ӯзбекистон, ки ахири моҳи декабр дар Душанбе […]

Asia-Plus

Идораҳои роҳи оҳани Тоҷикистону Ӯзбекистон гутфшунидҳо доир ба барқарор кардани алоқа тариқи роҳи оҳан миёни кишварҳоро дар самти ҷануб идома медиҳанд. Аввали соли 2012 Ӯзбекистон роҳи оҳан аз кишвараш ба самти вилояти Хатлонро баст.

Мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистон ният доштанд, ки дар ҷаласаи комиссияи ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикиситону Ӯзбекистон, ки ахири моҳи декабр дар Душанбе доир гардид, оид ба ин масъала тавофуқоти мушаххас ба даст оранд, вале ин масъала ба рӯзномаи ҷаласа ворид нагардидааст.

«Дар лоиҳаи протоколи ҷаласа, ки аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» пешниҳод гардида буд, доир ба барқарор кардани қитъаи ӯзбекистонии роҳи оҳани Амузанг-Ғалаба масъалагузорӣ шуда буд, вале ин пешниҳод дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ баррасӣ нашуд, зеро ба лоиҳаи ниҳоии протокол ворид нагардид», – гуфтанд ба «Азия-Плюс» дар ин робита дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, бо вуҷуди ин, гуфтушунидҳо бо ҷониби Ӯзбекистон дар мавриди ин масъала идома дошта, ҳарчанд имрӯз байни қисмати марказӣ ва ҷануби кишвар алоқаи роҳи оҳан мавҷуд бошад ҳам, вале масофаи роҳ аз минтақаи ҷануб то марзи Ӯзбекистон тариқи Душанбе 10 маротиба зиёдтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.