Дар роҳҳои Тоҷикистон ҳоҷатхона ва ҷойҳои истироҳат сохта мешаванд

Дар роҳҳои асосии Тоҷикистон сари ҳар 50 километр як ҳоҷатхона ва дар ҳар 100 километр барои сайёҳон меҳмонхонаҳову ҷойҳои истироҳат сохта мешаванд. Раиси Кумитаи ҷавонон,варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки сохтори зертобеъаш тайи ним соли ахир баҳри бунёди зербинои сайёҳӣ талош меварзад ва бо ин […]

Asia-Plus

Дар роҳҳои асосии Тоҷикистон сари ҳар 50 километр як ҳоҷатхона ва дар ҳар 100 километр барои сайёҳон меҳмонхонаҳову ҷойҳои истироҳат сохта мешаванд.

Раиси Кумитаи ҷавонон,варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки сохтори зертобеъаш тайи ним соли ахир баҳри бунёди зербинои сайёҳӣ талош меварзад ва бо ин мақсад гурӯҳи кории байниидоравӣ ташкил шуда, дар минтақаҳои сайёҳӣ ба беҳтар кардани зербинои сайёҳӣ машғул аст.

«Акнун дар роҳҳои асосии кишвар сари ҳар 50 километр сохтани як ҳоҷатхона ва дар ҳар 100 километр бунёди меҳмонхонаву ҷойи истироҳат бо таваққуфгоҳ барои мошинҳо, нуқтаи савдо, ошхона, воситаҳои алоқа ва ғайра пешбинӣ шудааст, ки барои сайёҳон барои истироҳату фароғати шабона шароити мусоид фароҳам меорад», – гуфт ӯ.

Раиси Кумита ҳамчунин хотиррасон намуд, ки барои ҷалби самоягузорони имконпазир ба бахши турзим тамоми маҳсулоту таҷҳизоте, ки ба кишвар барои сохтмони иншооти сайёҳӣ ворид карда мешавад, аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва ширкатҳои нави сайёҳӣ панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз даромад озод карда мешаванд.

«Баҳри ҷалби сайёҳон ба кишвар барои осонтар шудани анҷоми расмиёти гирифтани раводид барои хориҷӣён, дар фурудгоҳҳо кабинетҳои махсус ба фаъолият оғоз мекунанд», – қайд кард Абдуллозода.

Тибқи маълумоти ӯ, шумори сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон ба таври назаррас афзуда, тӯли 9 моҳи соли гузашта 312 602 нафар аз Тоҷикистон боздид намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба миқдори 72 ҳазор нафар зиёдтар буда, ҳамзамон шумори кишварҳое, ки шаҳрвандонашон ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, низ афзуда, агар пеш аз Тоҷикистон шаҳрвандони 59 кишвар боздид карда бошанд, соли 2016 ин шумор аллакай ба 109 кишвар расидааст.

«Ин шумор сайёҳон ба иқтисоди Тоҷикистон 156 млн. 301 ҳазор доллар маблағ даромад оварданд, ки дар муқоиса бо соли 2015 ба миқдори 36 млн. доллар бештар аст», – илова кард Аҳтам Абдуллозода.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.