Соли 2016 нарху тарифҳо дар Тоҷикистон 6,1% боло рафтанд

Соли 2016 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6,1%-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта ҳамагӣ ба андозаи 1,0 банди фоизӣ зиёд мебошад. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, моҳи декабри соли 2016 тибқи маълумоти оморӣ сатҳи таваррум раванди муътадил дошта 0,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба моҳи қаблӣ 0,3 банди фоизӣ ва моҳи декабри […]

Asia-Plus

Соли 2016 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6,1%-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта ҳамагӣ ба андозаи 1,0 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, моҳи декабри соли 2016 тибқи маълумоти оморӣ сатҳи таваррум раванди муътадил дошта 0,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба моҳи қаблӣ 0,3 банди фоизӣ ва моҳи декабри соли гузашта 0,1 банди фоизӣ кам мебошад.

Қобили зикр аст, ки сатҳи баландтарини таваррум соли гузашта дар Тоҷикистон моҳи январ (1,4%) ва август (0,8%) ба қайд гирифта шуд.

Ёдрас мекунем, ки ҳукумати Тоҷикистон нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2016-ро дар мизони 7% ба нақша гирифта буд. Имсол низ сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ дар ҳамин сатҳ пешбинӣ шудааст. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 5,1%-ро ташкил дода буд.

Дар ҳамин ҳол, мизони таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2016-ро Бонки осиёгии рушд – 7%, Бонки ҷаҳонӣ – 7,5% ва Хазинаи байнулмилалии асъор – 8,2% пешгӯӣ карда буданд.

Мебояд гуфт, сатҳи таварруми соли 2013 дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сафи соҳибкорон дар Тоҷикистон 4,3% зиёд шудааст

Аз ҳама зиёдтар теъдоди соҳибкороне афзудааст, ки бо патент кор мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.