Коршинос: Баъди пошхӯрии СССР аз 1,5 млн. нафар толибилмон ҳудуди 1% маълумоти русӣ гирифтанд

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон изҳор медорад, ки имрӯз мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба 314 нафар омӯзгор ниёз дошта, бахусус норасоии муаллимони забон ва адабиёти рус возеҳ эҳсос мешавад. Тибқи маълумоти Вазорат, дар мактабҳои вилояти Хатлон – 138, шаҳри Душанбе – 8 ва дар ноҳияҳои тобеи марказ – 168 нафар омӯзгор нарасида, асосан норасоии муаллимони забонҳои […]

Asia-Plus

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон изҳор медорад, ки имрӯз мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба 314 нафар омӯзгор ниёз дошта, бахусус норасоии муаллимони забон ва адабиёти рус возеҳ эҳсос мешавад.

Тибқи маълумоти Вазорат, дар мактабҳои вилояти Хатлон – 138, шаҳри Душанбе – 8 ва дар ноҳияҳои тобеи марказ – 168 нафар омӯзгор нарасида, асосан норасоии муаллимони забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ ба мушоҳида мерасад.

Коршиноси ин масоил, мудири кафераи ВАО-и чопӣ ва PR-и Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон Шариф Муллоев мегӯяд, 4 апрели соли 2003 «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон» фармони президент қабул шуда, дар он аз ҷумла зикр гардида буд, ки «такмили ҳамаҷонибаи таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон мувофиқи мақсад дониста шавад».

«Ҳарчанд фармон ба таълими ду забон дахл дошта бошад ҳам, вале президент бахусус таъкид дошт, ки «забони русӣ барои тоҷикон забони дуюми модарӣ аст», – хотиррасон намуд коршинос.

Шариф Муллоев қайд кард, ки бо гузашти даҳсолаҳо пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) аз 1,5 млн. нафар хонандагони мактабҳо ҳудуди 1% бо забони русӣ маълумот гирифтанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар шароити имрӯзаи муҳоҷирати кории аҳолӣ ба Русия, талабот ба он хеле зиёд аст.

«Сабаби норасоии кадрҳо аввал маоши паст аст, ки бо ин сабаб бисёре аз мутахассисон дар мактабҳо кор кардан намехоҳанд ва сабаби дигар миқдори соатҳои ҷудошуда барои таълими фанҳои забон ва адабиёти рус дар мактабҳои тоҷикӣ мебошад, – таъкид дошт коршинос. – Ин миқдор соатҳои дарсӣ кофӣ набуда, бо назардошти мушкилоти муҳоҷирон, ба омӯзиши забони русӣ тақвият дода шуда, соатҳои дарсии онро зиёд кардан зарур аст ва шояд мушкилот қисман ҳам бошад, роҳи ҳалли худро пайдо кунад».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.