Прокурори нақлиёт: Аксари тоҷикон тариқи Русия ба Ироқу Сурия мераванд

Дар ҷаласа доир ба омӯзиши паёми президенти Тоҷикистон дар толори дафтари ширкати «Тоҷик Эйр» прокурори нақлиёти Тоҷикистон Абдурашид Гулматшо изҳор дошт, ки тақрибан 80-90%-и шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҷониби гумоштагони созмонҳои ифротгаро ҷалб шудаву ба Ироқу Сурия раҳсипор мешаванд, сафарашон тариқи қаламрави Русия сурат мегирад. «Бисёре аз шаҳрвандони тоҷике, ки ба доми гурӯҳои ифротгарои ҷалби […]

Asia-Plus

Дар ҷаласа доир ба омӯзиши паёми президенти Тоҷикистон дар толори дафтари ширкати «Тоҷик Эйр» прокурори нақлиёти Тоҷикистон Абдурашид Гулматшо изҳор дошт, ки тақрибан 80-90%-и шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҷониби гумоштагони созмонҳои ифротгаро ҷалб шудаву ба Ироқу Сурия раҳсипор мешаванд, сафарашон тариқи қаламрави Русия сурат мегирад.

«Бисёре аз шаҳрвандони тоҷике, ки ба доми гурӯҳои ифротгарои ҷалби ҷавонон афтодаву ба ҷанги «муқаддас» ба «кофирон» ба кишварҳои араб фиристода мешаванд, аз Русия сафарбар шуда, қисмате аз онҳо дар набардҳои мусаллаҳона ҳалок шудаанд», – гуфт ӯ.

Прокурори нақлиёт аз волидон даъват кард, ки ба донишандӯзии фарзандонашон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, то ки онҳо қурбони гурӯҳҳои ифрогаро нашаванд.

«Волидон баъди хатми мактаби миёна фарзандони худро барои пулкоркунӣ ба Русия ва дигар кишварҳо мефиристанд, ки аксари онҳо ҷаҳонбинии дуруст надошта, забонро ҳатто дар сатҳи оддӣ намедонанд. Аз ин рӯ, бархе аз ночорӣ ба ифротгароён пайваста, ба ҷанг ба кишварҳои араб мераванд», – иброз дошт номбурда.

Ӯ бар ин назар аст, ки ин даргириҳои мусаллаҳона барои манфиати кишварҳо ва гурӯҳҳои ҷудогона роҳандозӣ шуда, «фарзандони мо дар дасти онҳо як лӯхтаканд».

Бино ба маълумоти Прокуратураи геералии ҶТ, айни замон дар сафҳои созмонҳои террористӣ дар кишварҳои минтақаи Шарқи Наздик беш аз 1 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон меҷанганд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.