Соли худро ҷавонони тоҷик дар меҳмонии ҳамдигар мегузаронанд

Date:

Дар ҷараёни нишасти хабарии ҷамъбасти сол раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Аҳтам Абуллозода изҳор дошт, ки дар доираи Соли ҷавонон дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби президенти мамлакат эълон шуд, баргузории беш аз 130 чорабинӣ дар назар аст.

«Дар Соли ҷавон мо баргузории як қатор чорабиниҳоро дар нақша дорем, ки беҳбуди зербинои ташкилотҳои ҷавонон, ворид намудани тағйирот ба қонунгузории марбут ба ҷавонон, омӯзиши касбу ҳунарҳо, ҳамчунин бунёди низоми лагерҳои ҷавонон ва ҳамкорӣ бо тоҷикистониҳои ҷавони хориҷи кишвар аз ҷумлаи онҳо мебошанд», – гуфт номбурда.

Ба гуфтаи раиси Кумита, соли 2016 барои ҷавонон зиёда аз 100 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода шуда, имсол низ таъмини боз шумори бештари ҷавонон бо кори доимӣ ба нақша гирифта шудааст.

«Имсол низ ба таҷрибаи ду соли пеш идома бахшида шуда, ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар ба меҳмонии ҳамдигар мераванд, то ки бо кору ҳаёти ҷавонони ин минтақа ва фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҷавонон дар маҳалҳо аз наздик шинос шуда, аз таҷибаи пешқадам баҳра бардоранд», – афзуд Аҳтам Абдуллозода.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...