«Помир энержи» дар ВМКБ лимит ҷорӣ карданист

Date:

Директори генералии ширкати «Помир энержи» Далер Ҷумъаев ба рӯзноманигорон хабар дод, ки бар асари сардии шадид ва ду баробар кам шудани маҷрои об дар дарёи Ғунд, ки ба таъмини бо иқтидори пурра кор кардани нерӯгоҳи барқи обии «Помир-1» ва «Хоруғ» имкон намедиҳад, ширкат маҷбур хоҳад шуд, ки интиқоли нерӯи барқро ба муддати 4 соат кам кунад.

Аммо дар машварати назди раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ин пешниҳоди ширкат дастгирӣ наёфта, зикр гардидааст, ки дар навбати аввал «Помир энержи» бояд истеъмолгарони ватаниро бо нерӯи барқ таъмин созад.

«Бо сабаби чандин маротиба қатъ шудани интиқоли барқ, дар пойгоҳи обкашии низоми обу корези шаҳри Хоруғ садамаҳо рух дода, низомҳои обтаъминкунии сокинони шаҳр ях бастанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки ширкат ба интиқоли барқ ба вулусволиҳои ҳамсояи вилояти Бадахшони Афғонистон идома медиҳад», – таъкид доштааст раиси ВМКБ. – Ба интиқоли барқ ба ҳамсояҳоямон мо муқобил нестем, лекин ширкат уҳдадор аст, ки дар навбати аввал амнияти энергетикии шаҳрвандони худро таъмин намояд».

Дар навбати худ директори генералии «Помир энержи» изҳор намуд, ки соли 2016 ҳаҷми интиқоли барқ ба вулусволиҳои кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳамагӣ 4,7 мл. кВт/соат ё худ 2,5% аз ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшударо ташкил дода, аз ин ҳисоб ширкат 1,3 млн. сомонӣ даромад гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, бо вуҷуди ҳар сол афзоиш ёфтани иқтидорҳои нав ва беҳбуди сифати таъмин бо барқ, маблағи қарз аз истифодаи барқ дар ВМКБ афзуда, ба аввали соли ҷорӣ қариб 5 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2015 қариб ду баробар зиёдтар мебошад.

«Қарздорони асосӣ аз истифодаи барқ ташкилотҳои буҷетӣ – қисмҳои низомии Қушӯнҳои сарҳадӣ (2,2 млн. сомонӣ), идораи обу корези ВМКБ (1,6 млн. сомонӣ), қисмҳои низомии Вазорати мудофиа (679 ҳазор сомонӣ), Раёсати корҳои дохилии вилдоят (16 ҳазор сомонӣ), шаҳрдории Хоруғ (715 ҳазор сомонӣ) ва ноҳияи Роштқалъа (25 ҳазор сомонӣ) мебошанд», – зикр кард Далер Ҷумъаев.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...