АНОНС
– Дар бинои Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарӣ доир мегардад. Оғоз соати 10:00;
– Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарии Кумитаи ҳифзи муҳити зист барпо мешавад. Оғоз соати 11-00;
– Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотии ҷамъбасти соли 2016-и «Амонатбонк» баргузор мешавад. Оғоз соати 14:00.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 7.8824 сомонӣ;
1 евро – 8.3948 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1292 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1920 — Дар Русияи Шӯравӣ ҳукми қатл расман бекор карда шуд.
1991 — Дар ҷаҳон бори нахуст ба воситаи кураи ҳавоӣ парвоз тариқи Уқёнуси Ором анҷом дода шуд.
1995 — Таъсиси Гвардияи президентӣ (аз соли 2004 – миллӣ)-и Тоҷикистон.
2006 — Дар Пекин миёни ширкати «Барқи тоҷик» ва «Sinohydro» (Чин) созишнома дар бораи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Зарафшон» ба имзо расид.
2012 – Мутахассисони аз мина безараргардонии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон тамрингоҳҳои «Лоҳур», «Момирак» ва «Самбулӣ»-ро аз ҳама гуна навъҳои муҳимоти ҷангӣ покккорӣ намуданд.
1893 — Зодрӯзи шоира Розия Озод, модари академик Бобоҷон Ғафуров.
1893 — Мавлуди яке аз муборизони барқарор кардани ҳокимияти шӯравӣ дар Тоҷикистон Толпиго Борис Вячеславович.
1927 — Зодрӯзи сарояндаи опера, Ҳунарманди халқии ИҶШС Аҳмад Бобоқулов.
1950 — Мавлуди Давлатов Матлубхон Султонович, собиқ муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон, собиқ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, баъзан туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона -8-13, рӯзона 0-5.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, баъзан туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +5+10; дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +1+6.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарб шабона -9-14, рӯзона -8-13; дар шарқ шабона -27-32, рӯзона -11-16.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан каме боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона 0-5.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас (туман).
Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +7+9.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, туман.
Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +6+8.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, туман.
Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +7+9.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона -19-21, рӯзона -7-9.


