Рустами Эмомалӣ пойтахтро аз Қасри президент идора мекунад

Кабинети кории шаҳрдори нави пойтахт дар собиқ Қасри президенти Тоҷикистон ҷойгир хоҳад шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, муовинони ӯ ва дастгоҳи раиси шаҳр низ ба ин бино мекӯчанд. Раёсату шуъба ва дигар хадамоти шаҳрдорӣ алҳол дар бинои пешинаи шаҳрдорӣ ба кор идома медиҳанд. Дастгоҳи иҷроияи президент, […]

Asia-Plus

Кабинети кории шаҳрдори нави пойтахт дар собиқ Қасри президенти Тоҷикистон ҷойгир хоҳад шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, муовинони ӯ ва дастгоҳи раиси шаҳр низ ба ин бино мекӯчанд. Раёсату шуъба ва дигар хадамоти шаҳрдорӣ алҳол дар бинои пешинаи шаҳрдорӣ ба кор идома медиҳанд.

Дастгоҳи иҷроияи президент, ки дар Қасри президент ҷойгир шуда буд, ба бинои нави баландошёна миёни бинои нави Вазорати корҳои хориҷӣ ва меҳмонхонаи «Тоҷикистон» кӯчонида мешавад. Қаблан зикр гардида буд, ки ин бино барои Кумитаи андози ҷумҳурӣ сохта мешавад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон асосан дар Қасри миллат кор мекунад. Сохтмони Қасри миллат соли 2012 ба итмом расида буд.

Қобили зикр аст, ки Қасри пешини президент, ки мақомоти шаҳрдорӣ ба он мекӯчад, собиқ бинои Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Радиои Озодӣ, далели ҷойивазкунии мақомоти Душанбе шомили нақшаи бозсозии пойтахт будани бинои ҳукумати шаҳр дар хиёбони Рӯдакии пойтахт буд, ин нақшаҳо бахше аз Генплан ё барномаи азими бозсозии симои шаҳри Душанбе аст ва давоми солиёни охир онро мири собиқ Маҳмадсаид Убайдуллоев пиёда мекард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.