Мактаби байнулмилалии Душанбе (Dushanbe International School), ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ширкати туркии «Шалола» муассисонаш мебошанд, акнун пурра ба тавозуни Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ гузашт.
«Яке аз сабабҳои ба тавозуни Вазорати супурдани мактаб хароҷоти зиёди молиявӣ аст, – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз ширкати «Шалола». – Аз оғози соли нави хониши 2016 маблағи иҷорапулии моро аз 4 ҳазор то 10 ҳазор долар дар як моҳ боло бардоштанд ва ба мо лозим омад, ки ҷойи нав ҷустуҷӯ кунем, чунки мо ба пардохти ин миқдор маблағ имкон надорем ва дар ниҳояти кор тасмим гирифтем, ки мактабро супорем».
Ҳамчунин дар ширкат зикр карданд, ки чунин тасмимгирӣ ба муроҷиати қаблии сафортхонаи Туркия ба ҳукумати Тоҷикистн ҷиҳати бастани мактаб низ марбут буда, аз ин лиҳоз онҳо нахостаанд, ки барои Вазорат мушкил эҷод кунанд ва худашон пешниҳод кардаанд, ки ҳамаи ҳуқуқҳои моликият ба мактаб ба ихтиёри Вазорат дода шавад.
Ҳуқуқҳои моликият ба мактаби мазкур моҳи ноябри соли гузашта пурра ба ихтиёри Вазорати корҳои хориҷӣ гузошта шуда, акнун ширкати «Шалола» ба он ҳеҷ муносибате надорад ва ин ҳам дар ҳолест, ки ширкат барои фаъолияти мактаби байнулмилалӣ дар Душанбе то соли 2022 иҷозатнома дошт.


